Jump to content

Ноҳияи Ало-Буқа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Ало-Буқа
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Ало-Буқа
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 2 976 км²
Вақти минтақавӣ UTC+6:00
Ноҳияи Ало-Буқа дар харита

Ноҳияи Ало-Буқа (қирғ. Алабука району) — воҳиди маъмурии вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон. Маркази маъмурӣ деҳаи — Ало-Буқа.

Ноҳияи Ало-Буқа бо марказаш деҳаи Ало-Буқа 2 сентябри соли 1936 дар ҳайати ҶМШС Қирғизистон [1] [2], аз декабри 1936 — ҶШС Қирғизистон ташкил карда шудааст. Солҳои 1938-1939 ба ҳайати округи Ҷалолобод, аз 21 ноябри соли 1939 вилояти Ҷалолобод буд.

27 январи соли 1959 ба вилояти Ӯш гузашт. Дар асоси Укази Шӯрои Олии ҶШС Қирғизистон № 263-XII аз 14 декабри соли 1990 вилояти Ҷалолобод бо роҳи тақсим кардани худуди вилояти Ӯш ташкил карда шуд. Вилояти навтаъсиси Ҷалолобод шаҳру ноҳияҳоро дар бар мегирифт: (Сузак, Ленин, Ало-Буқа, Чаткал)

Ноҳия дар шимолу ғарби вилояти Ҷалолобод дар марз бо 4 ноҳияи (Янгиқӯрғон, Косонсой, Чуст, Поп) вилояти Намангони Ӯзбекистон ҷойгир аст.

Он аз ду қисм иборат аст, ки бо як қитъаи ноҳияи Чоткал ҷудо шуда, ба самти сарҳади Ӯзбекистон амиқ мебарояд.

Дар ноҳияи Ало-Буқа конҳои сершумори аллювиалии тилло дар канори дарёи Терексой, кони тилло ва мис — Бозимчак, кони сурма - Коссон мавҷуданд[3] .

Тибқи барӯйхатгирии Қирғизистон дар соли 2015 шумораи умумии аҳолӣ 104518 нафар: қирғизҳо – 90628 нафар ё 89,3%, узбакҳо – 7341 нафар ё 6,1%, тоҷикон – 6549 нафар ё 4,6%.

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ноҳияи Ало-Буқа ба 8 ҳавзаи деҳотӣ [4] дохил мешавад:

  1. ҳавзаи деҳоти Оқ-Қӯрғон — д. Оқ-Қӯрғон;
  2. ҳавзаи деҳоти Оқтам — д. Оқ-Там;
  3. ҳавзаи деҳоти Ало-Буқа — д. Ало-Буқа;
  4. ҳавзаи деҳоти Кӯк-Сарак — д. Тенгӣ;
  5. ҳавзаи деҳоти Кӯктош — д. Кӯктош;
  6. ҳавзаи деҳоти Ӯруқта — д. Ӯруқта;
  7. ҳавзаи деҳоти 1 май — д. Айритам;
  8. ҳавзаи деҳоти Торогелдӣ Болтагулов — д. Изар.

Маҷмааи таърихию меъмории «Шоҳ-Фозил» (деҳаи Сафедбулон, ё Гулистон) дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст.

  1. Киргизская ССР. Административно-территориальное деление на 1 января 1949 года. — Фрунзе: Киргизгосиздат, 1949. — 124 с.
  2. Ала-Букинский район // Министерство чрезвычайных ситуаций Киргизской Республики(пайванди дастнорас — таърих). 8 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 Январ 2018.
  3. Воруют девушек, воруют деньги. 25 Январ 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2013.
  4. Аильные округа и сёла Джалал — Абадской области(пайванди дастнорас — таърих).(пайванди дастнорас)