Jump to content

Ноҳияи мухтор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ноҳияи мухтор - воҳиди аз ҳама калони мухторияти миллӣ дар Хитой мебошад. Дар ҳудуди Хитой 5 ноҳияи мухтор: ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилӣ, ноҳияи мухтори Синтзян - Ӯйғур, ноҳияи мухтори Нинси-Хуэй, ноҳияи мухтори Тибет, ноҳияи мухтори Гуанси-Чжуан мавҷуданд. Мақомоти ноҳияи мухтор вазифаҳои ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти зинаи муайян хосро иҷро мекунанд ва мақомоти худидораи сохтори мухторӣ мебошанд. Раиси ноҳияи мухтор бояд аз миллати мухтор бошад. Шахсони дигари ба ҳайати ҳукумати ноҳияи мухтор дохилбуда «ҳаддалимкон» бояд ба миллати мазкур ва дигар миллатҳои ба ақаллият тааллуқдошта бошанд. Маҷлиси намояндагони халқи ноҳияи мухтор Низомнома дар бораи ноҳияи мухтор қабул менамояд, ки онро Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқ тасдиқ мекунад. Мақомоти худидораи ноҳияи мухтор дар асоси нақшаҳои давлатӣ мустақилона сохтмони иқтисодиро ташкил ва иҷро менамоянд, «бо назардошти хусусиятҳо ва эҳтиёҷоти маҳал, мақсади сиёсӣ ва сохтмони иқтисодиро кор карда мебароянд», истифодаи самараноки табиат ва ҳифзи онро таъмин менамоянд, дар коркарди захираҳои табиии маҳал бартарӣ доранд. Онҳо ба захираҳои молиявӣ ихтиёрдорӣ мекунанд, ба салоҳияти онҳо фаъолияти хориҷии иқтисодӣ, инчунин роҳбарӣ ба маориф, илм ва маданият, дарёфт ва ҳифзи ёдгориҳои миллии фарҳангӣ тааллуқ дорад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мухторияти миллӣ-ҳудудӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 354-355