Нуклеотидҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Нуклеотидҳо (англ. Nucleotides), нуклеозидфосфатҳо — моддаҳое, ки кислотаҳои нуклеат, аксари коферментҳо ва дигар пайвастҳои фаъоли биологӣ аз онхо таркиб ёфтаанд.

Таркиби ҳар як нуклеотид аз асоси нитрогенӣ (одатан пуринӣ ё пиримидинӣ), ангиштоб (рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо) ва боқимондаи кислотаи фосфат иборат аст. Нуклеотидҳо дар бисёр равандҳои мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Нуклеозидтрифосфатҳо пай­вастҳои макроэргӣ буда, бевосита дар боисинтези кислотаҳои нуклеат иштирок мекунанд. Масалан, кислотаи аденозинтрифосфат (АТФ) аккумулятори универсалии энергия ба шумор меравад. Нуклеотидҳо дар организм аз аминокислотаҳо ва дигар пайвастҳои нисбатан содда синтез мешаванд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.