Jump to content

Нуну Гонсалвеш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуну Гонсалвеш
Суратҳо
Таърихи таваллуд тақрибан 1425[1][2]
Таърихи даргузашт на дертар аз 26 июл 1492
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ну́ну Гонса́лвеш (португалӣ: Nuno Gonçalves; тақрибан 1425[1][2]на дертар аз 26 июл 1492) — мусаввири португалиягӣ, намояндаи сабки миллию давраи Эҳё дар санъати тасвирии Португалия. Солҳои 1450-72 рассоми дарбори шоҳ Алфонси V будааст. «Меҳроби Винсенти Муқаддас» (ҳомии Лиссабону Португалия) ягона асари маҳфузмонда ва муҳимми ӯст, ки солҳои 1465-67 эҷод шудааст. Дар шаш табақаи ин меҳроб (баландияш 2 м ва бараш беш аз 5 м) саҳнаи ибодати муқаддас таҷассум ёфтааст; портретҳои намояндагони табақаҳои мухталиф — аз шоҳ, аъзои хонаводаи шоҳ ва ашрофзодагон то моҳигирону дарёнавардон ва роҳибони маконҳои муқаддас бо сафҳои зич ва ба тамоми қад ҷойгир аст. Намуди меҳроб, банду басти муҳташам, шеваи нигориш, симоҳои гуногунхислати муосирон, ки бо рангҳои дурахшон тасвир ёфтаанд, аз шиносоии Г. бо наққошии ҳолландӣ, бахусус осори Я. ван Эйк шаҳодат медиҳад.