Нуриддин Аҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуриддин Аҳмадов

Нуриддин Аҳмадов (1897, деҳаи Понғози ноҳияи Ашт — 3.5.1989, ҳамон ҷо) — яке аз барпокунандагони Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Соли 1916 дар Қӯқанд мактаби русии маҳаллиро хатм намуда, дар идораи саноату савдо кор кардааст. Аз соли 1918 дар торумор кардани дастаҳои босмачиён дар шимолӣ Тоҷикистон фаъолона ширкат дошт. Солҳои 1924-47 дар корҳои масъули мақомоти бехатарӣ ва милитсия дар ноҳияи Ашт, Пролетар, Ӯротеппа, Орҷоникидзеобод буд. Солҳои 1948-55 раиси Шӯрои қиш. Понғоз ва Ошобаи ноҳияи Ашт. Аз соли 1955 нафақагир. Бо орденҳои Байрақи Сурх, Ситораи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]