Нурмуҳаммад Ғариби Андалеб
Таърихи даргузашт: | 1740 |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Андалеб (тахаллус, маъниаш булбул, мурғи хушхон), Нурмуҳаммад Ғариб (байни 1660/65, деҳаи Қаромозии ш. Кӯҳнаурганҷи Хева – 1740) — шоири туркман, асосгузори достонсароӣ дар адабиёти туркман.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мадрасаҳои шаҳрҳои Хева ва Бухоро таҳсил карда, дар доираҳои адабии ҳамин шаҳрҳо иштирок доштааст. Аз осори боқимондааш бармеояд, ки ӯ адабиёти форс-тоҷик ва адабиёти арабро хуб медонист ва инҳо яке аз сарчашмаҳои эҷодиёти ӯ будаанд. Сарчашмаи дигари илҳоми эҷодии андалеб эҷодиёти даҳанакии халқи туркман, қиссаву ривоятҳо, асотири халқҳои туркзабон мебошад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қалами андалеб достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо», «Зайну-л-араб», «Саъди Ваққос» ва ғайра тааллуқ доранд. Дар достони «Оғузнома» таърихи қабилаи оғузҳо ва лашкаркашиҳои сарварони қабила тасвир шудааст. Достони «Насимӣ» аз саргузашти фоҷиабори шоири садаи XIV Насимӣ, ки ба дасти ҳокимони давраш кушта шуда буд, ҳикоят мекунад. Андалеб дар навъҳо ва шаклҳои шеъри маъмул дар адабиёти форс-тоҷик – ғазал, рубоӣ, мухаммас ва ғайра низ асарҳо офаридааст. Дар эҷодиёти андалеб таъсири шоирону мутафаккирон Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ба назар мерасад. Ба ғазалҳои баъзе аз онҳо андалеб мухамас бастааст. Масалан, як мухаммаси ба форсӣ гуфтаи андалеб бар ғазали Сайидои Насафӣ чуни наст:
Некхӯе омаду чун лола доғам карду рафт,
Оташи ҳиҷрони ӯ тороҷи боғам кардурафт.
Бӯи навмедӣ фироқаш дар димоғам карду рафт,
Он ки лабрез аз висолам дошт, доғам карду рафт,
Шарбати доғи ҷудоӣ дар аёғам карду рафт.
Андалеб дар ғанӣ гардондани балоғат ва фасоҳати забону адабиёти туркманӣ ва тарбияи мардум дар рӯҳияи ватандӯстӣ хидмати арзанда кардааст. Шеърҳову достонҳои андалеб, махсусан «Лайлӣ ва Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо» маъруфу машҳуранд. Дар асоси онҳо асарҳои саҳнавӣ офарида шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андалеб, Нурмуҳаммад Ғариб / Ф. Бобоев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.