Нуруддин Ҷаъфари Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуруддин Ҷаъфари Бадахшӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Нуруддин Ҷаъфари Бадахшӣ (форсӣ: نور‌الدین جعفر بدخشی‎; 1339, деҳаи Рустоқбозори Бадахшон — 1395, тахминан Хатлон) — ориф, сӯфӣ, нависанда ва донишманди форс-тоҷик, шогирди барҷастаи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз даврони кӯдакӣ ва овони ҷавонии ӯ маълумоте дастрас нест. Дар айёми ҷавонӣ Бадахшӣ бо ташвиқи яке аз дӯстонаш Ахӣ Алӣ Ҳақҷӯй ба дидори Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ ба деҳаи Алишоҳиён рафт ва минбаъд шефтаи ӯ шуд. Аммо Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ шояд омода будани ӯро барои байъат ҳанӯз напазируфта буд, ки қабул кардани ӯро ба таъвиқ андохт ва саранҷом дар Иди Фитр Бадахшӣ-ро ба шогирдӣ пазируфт. Аз он давр то вафот Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ, Нуруддин Ҷаъфар мулозими ӯ буд ва таҳти таълиму тарбияти ӯ қарор гирифт. Тадриҷан Бадахшӣ назди Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ эътибор пайдо карда, яке аз шогирдони хосси ӯ гашт, то ҳадде, ки шайх дар ҳузури худ ба ӯ иҷозаи байъат дод ва мардумро ба байъат бо ӯ ташвиқ менамуд. Ҳамчунин ҳангоми ба сафар рафтанаш вазифаи тадрис ва иршоди муридонро ба уҳдаи Бадахшӣ мегузошт. Ҳатто, вақте ки сафари ҳаҷ дошт, Бадахшӣ-ро дар деҳаи Алишоҳиён ба маснади худ нишонд ва ба ӯ қабули тавбаи талабагон ва таълими зикрро ба муридон иҷоза дод ва пӯстину офтобаи таҳоратии худро ба ӯ бахшид. Бадахшӣ ҳангоми фавти Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ дар хонақоҳи Фатҳободи деҳаи Рустоқбозор истиқомат дошт ва бо шунидани ин хабар ба Хатлон омада, дар хонақоҳи бузурги он шаҳр сокин шуда, ба ёдбуди устоди равоншодаш ба таълифи китоби «Хулосату-л-маноқиб» шурӯъ намуд. Бадахшӣ аз худ мероси ғании ирфонӣ боқӣ гузоштааст, ки «Хулосату-л-маноқиб», «Истилоҳоти суфия» ва "Шарҳи «Авроди фатҳия» аз ҷумлаи онҳоянд. Муҳимтарин асари Бадахшӣ «Хулосату-л-маноқиб» буда, дар маноқиби Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ таълиф шудааст. Ин китоб куҳантарин ва пурарзиштарин манбаи маълумот дар бораи Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ ба ҳисоб меравад, зеро муаллиф муддати тӯлоние мулозими шайх буд ва ҳикоятҳову қавлҳои ӯро аз забонаш шунида, рӯйи сафҳа овардааст. Дар «Истилоҳоти суфия» муаллиф муҳимтарин мафҳумоти ирфонӣ ва истилоҳоти тасаввуфиро шарҳ додааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. نورالدین جعفر بدخشی - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 29 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ابن کربلای. حافظ حسین. روضات الجینان. تهران، ۱۳۴۹؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج.۲. تهران ۲۰۰۳