Нурӣ Холмамедов
Намуди зоҳирӣ
Нурӣ Холмамедов | |
|---|---|
| Nuri Khalmamedov | |
| Зодгоҳ | Ашхобод |
| Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Нурӣ Холмамедов - оҳангсози барҷастаи туркман
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нурӣ Холмамедов дар сағирхона тарбия ёфта, ҳамсинфи Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии вақти Туркманистон буд, ки 20 сол ин кишварро раҳбарӣ кардааст. Ҳарчанд аз даргузашти оҳангсоз 27 сол мегузараду имсол ҳаводорони ӯ 70-солагии мавлудашро таҷлил мегиранд, дар сатҳи расмӣ дар бораи шахсияту корномаи ин оҳангсози маъруф фаромӯш кардаанд.
Мусиқишиносон мегӯянд, ки муҳимтарин дастоварди Холмамедов дар фарҳанги Туркманистон ин будааст, ки ӯ тавонист аз доираи маҳдуди эҷоди оҳангу навоҳо ба шеваи мардумӣ берун шуда мусиқии миллиро бо оҳангҳои симфонӣ омехта кунад ва як мусиқии комилан навро дар беруни кишвараш ба маъраз гузорад[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.ozodi.org/content/article/1969212.html Ҳунарманди нотакрори фаромӯшшуда - Озодӣ
| Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |