Нусратулло Салимзода
Нусратулло Файзулло Салимзода (Нусратулло Файзуллоевич Салимов) | |
Таърихи таваллуд | 4 феврал 1965 |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара |
Пеша | корманди давлатӣ |
Ҷоизаҳо |
Нусратулло Файзулло Салимзода (Нусратулло Файзуллоевич Салимов) — собиқ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008—2017)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нусратулло Файзулло Салимзода 4 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.
Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос: духтури муолиҷавӣ, номзади илмҳои тиб.
Бо мукофотҳои давлатӣ ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.
Солҳои 1985-2004 кор ба ҳайси бародари шавқат, духтур ва сардухтур.
Солҳои 2004-2006 Директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон.
Солҳои 2006-2008 Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 ва бори дуюм аз 21 ноябри соли 2013 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Аз моҳи январи соли 2008 то 12 январи соли 2017 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид.[1] То 11 январи 2023 дар ин вазифа буд.
Аз 11 январи 2023 — раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров[2].