Соли 2013
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 2013)
| Солҳо |
|---|
| 2009 · 2010 · 2011 · 2012 — 2013 — 2014 · 2015 · 2016 · 2017 |
| Даҳаҳо |
| 1990-ум · 2000-ум — 2010-ум — 2020-ум · 2030-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Соли 2013 (ду ҳазору сездаҳум)-и тақвими григорӣ — соли маъмулӣ аст, ки аз рӯзи сешанбе оғоз мешавад. Ин соли 2013-и мелодӣ, соли 3-уми даҳаи юми асри 21.12-и ҳазораи 3.012, соли сеюми солҳои 2013-ум аст.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2 март — Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пазируфта шуд ва 159-умин узви ин созмон гардид. Протоколи ҳамроҳшавии Тоҷикистон 31 январи соли 2013 ба СУС пешниҳод шуда, аз 2 марти соли 2013 узвияти кишвар эътибор пайдо кард [1] [2][3]
- 20 март- Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷилди дуввуми китоби бисёрҷилдаи Энсиклопедияи миллии тоҷикро ба нашр расонд. Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст.[4]
- 21 март-24 март — Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз соли 20013 дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон — 21 март; Эрон — аз 20 то 23 март; Озарбойҷон — аз 20 то 26 март; Қазоқистон — аз 21 то 24 март; Туркманистон — аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбекистон — 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) — аз 20 то 23 март; Косово — 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[5]
26 апрел — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солона пешниҳод намуд. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва дигар масъалаҳои стратегии кишвар баррасӣ шуданд.[6][7]
- 21 июн — Дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шуд.[8]
- 20 июл — дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди нафти ҶДММ «Капитал» ба фаъолият оғоз кард. Навбати аввали корхона бо иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафти хом дар як сол сохта шуда, беш аз 70 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.[9][10]
- 14 август — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармони №1493 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»-ро ба имзо расонид. Тибқи фармон аз 1 сентябри соли 2013 ҳадди ақали музди меҳнат 25 фоиз зиёд гардида, ба 250 сомонӣ расонида шуд; маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва стипендияҳои давлатӣ 20 фоиз зиёд гардиданд.[11]
- 29 август — Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнов дарноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи бузурги сементбарории «Хуаксин-Ғаюр-семент» ба истифода дода шуд. Иқтидори солонаи корхона 1 миллион тонна семент ва шумораи ҷойҳои корӣ тақрибан 1000 нафарро ташкил медод. Сохтмони он бо сармоягузории муштараки ҶДММ «Ғаюр» ва ширкати чинии «Хуаксин» анҷом дода шуд.[12][13][14]
- 17 сентябр — дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар майдони 3 га бунёд ёфта аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад. Нигаред: [15]
- 1 октябр — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод. Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт.
- 6 ноябр — 6 ноябр — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи натиҷаҳои пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар интихобот 3 640 056 нафар ё 86,6 фоизи интихобкунандагон иштирок намуда, Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоизи овозҳоро ба даст овард.[17][18][19]
- 18 ноябр — дар ҷаласаи 37 — уми ЮНЕСКО феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2014—2015 тасдиқ гардид, ки дар ин миён 4 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон низ пазируфта шудааст. Ба феҳрасти ЮНЕСКО 3000 — солагии қалъаи Ҳисор, 700 — солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600 — солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100 — солагии Зиёдулло Шаҳидӣ шомил карда шуданд ва қарор шуд, ки ин ҷашну чорабиниҳо бо ширкати ин созмон таҷлил мегардад. Чаҳор таърихи таърихии Тоҷикистон дар феҳрасти ЮНЕСКО/Озодӣ
- Соли 2013 — дар корхонаи муштараки «Зарафшон» рушди иқтидорҳои коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло идома ёфт. Тибқи маълумоти АМИТ «Ховар», дар соли 2013 корхона 1 714 килограмм тилло истеҳсол кардааст; ҳамзамон барои ба истифода додани коргоҳи нави поксозии тилло бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз омодагӣ идома дошт.[20]
- Соли 2013 — — корҳои рушди низоми энергетикии кишвар идома ёфтанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013, аз ҷумла, ба масъалаҳои рушди НБО «Сангтӯда-2» ва сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 таваҷҷуҳ дода шуд. Манбаи расмии ADLIA матни пурраи Паёмро нигоҳ медорад.[21]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Соли 2013 дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Tajikistan — Accessions(англ.). World Trade Organization. World Trade Organization.
- ↑ 2013 in review(англ.). World Trade Organization. World Trade Organization (2013).
- ↑ 2013 in review(англ.). World Trade Organization. World Trade Organization (2013).}}
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2014.
- ↑ Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш. Нашрияи ДМТ. — 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели 2013).
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). «Ҷумҳурият». Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 апрели 2013).
- ↑ http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/06/130621_mm_tajik_park_world_heritage.shtml
- ↑ Ифтитоҳи нахустин корхонаи муосири коркарди нафт дар ноҳияи Шаҳринав(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (20 июли 2013).
- ↑ Суханронии Э. Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти корхонаи коркарди нафт дар Шаҳринав(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (20 июли 2013).
- ↑ Тавзеҳот ба Фармони Президент(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (14 августи 2013).
- ↑ «Хуаксин-Ғаюр-семент» ба истифода дода шуд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (29 августи 2013).
- ↑ Ифтитоҳи бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (29 августи 2013).
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2015.
- ↑
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2014.
- ↑ Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Тоҷикистон(тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (7 ноябри 2013).
- ↑ Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ президент интихоб шуд(тоҷ.). Asia-Plus. Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» (7 ноябри 2013).
- ↑ Бойгонӣ шудааст 10 ноябри 2013 сол. 7 ноябр/АМИТ «Ховар»
- ↑ [https://khov ar.tj/2014/02/zarafshon-2-5-tonna-tillo-iste-1203-sol-mekunad/ «Зарафшон» 2,5 тонна тилло истеҳсол мекунад](тоҷ.). АМИТ «Ховар». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (13 феврали 2014).(пайванди дастнорас)
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели 2013).