Нуқра Раҳматова
Таърихи таваллуд | 2 январ 1942 (82 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Бартанг, ноҳияи Рӯшон, ВАБК |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Нуқра Раҳматова (тав. 2 январи 1942, деҳаи Бартанги ноҳияи Рӯшон, ВАБК) — сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1977).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввал ҳаваскор буд, аъзои дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёна. Соли 1958 солисткаи Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1963—67 донишҷӯи шуъбаи вокалии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе. Аз соли 1967 солисткаи Ансамбли мақомхонон. Репертуари Раҳматова аз сурудҳои халқҳои Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР (тоҷикӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, русӣ ва ғайра) ва шарқи хориҷӣ (афғонӣ, арабӣ, эронӣ) иборат аст. Дар ҳайати ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ ва Афгонистон (1962, 1968, 1973), Муғулистон (1970), Сурия ва Ироқ (1977) бо программаҳои консертӣ баромад кардааст. Маҳорати сарояндагии ӯ махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ зоҳир мешавад. Раҳматова дар филми «Коваи оҳангар» (1960) роли духтари кӯҳсорро бозид. Раҳматова— иштирокчии Фестивали 6-уми уму-миҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Москва (1957) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Қирғизистон (1976).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаҳои Фахрии Комитети Марказии Иттифоқҳои касаба ва Комитети телевизион ва радиои СССР қадрдонӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.