Ноҳияи Рӯшон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Рӯшон
Ноҳияи Рӯшон
Мамлакат

Flag of Tajikistan.svg Тоҷикистон

Унвон

Ноҳияи маъмурӣ

Тобеи

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шомили

7 ҷамоат

Маркази маъмурӣ

Рӯшон

Санаи таъсис

27 октябри 1932

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ (2015)

24 800 [1] нафар

Гурӯҳҳои миллӣ

тоҷикон

Гурӯҳҳои динӣ

мусулмонон исмоилиҳо

Масоҳат

5870,7 км²

Баландӣ
аз сатҳи баҳр
 • Нуқтаи баландтарин
 • Баландии миёна



 зиёда аз 5000 м
 3000 м

Location of Rushon District in Tajikistan.png

Минтақаи замонӣ

UTC+5

Сарвожа

RU

Коди ISO 3166-2

TJ.BK.RU

Коди телефон

+992 3556

Нишонаи почта

736200

Домени Интернет

tj

Шумораи мошинҳо

04 TJ

Сайти расмӣ
Commons-logo.svg Ноҳияи Рӯшон дар Викианбор

Координатаҳо: 38°22′23″ а. шм. 71°27′19″ т. шқ. / 38.37306° а. шм. 71.45528° т. шқ. / 38.37306; 71.45528 (G) (O)

Ноҳияи Рӯшон (порсӣ: روشان) - яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 29-уми октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вамар (порсӣ: وامر) аст, ки 67 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Бартанг ба рӯди Панҷ ҷой дорад.


Ҷуғрофия[вироиш]

Ноҳияи Рӯшон дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулом ва Рӯшон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Ванҷ, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ва дар ғарб бо вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯшон ба ҷанубу ғарби он рӯди Бартанг гузар мекунад.

Ноҳияи Рӯшон 5870,7 км² масоҳат дорад.

Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Рӯшон 24 800 нафар зиндагӣ мекунад.[2] Мардуми Рӯшон ба забонҳои рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ ва хӯфӣ сухан мегӯянд.

Таърих[вироиш]

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Рӯшону Шуғнон дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон (порсӣ: شغنان) ном доштаанд.[3]

Рӯшону Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Рӯшон сарзамини имрӯзаи ноҳияи тоҷикии Рӯшон ва бахши шимолии вулусволии афғонии Шуғнон (порсӣ: شغنان) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Рӯшон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[4]

Рӯшон дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Вамар менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Рӯшон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Ванҷу Рӯшон як ноҳия буданд.


Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯшон 7 ҷамоат дорад[5]

Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯшон
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
Назаршо Додхудоев (собиқ Баҳрӯшон) 7183 Баррӯшон, Барзуд, Дерзуд, Вамд
Бартанг 1854 Сипонҷ, Висав, Даржомч, Дашт, Равивд, Равмед, Разуч, Хичез
Басид 2120 (2010) Басид, Бардара, Чадуд
Пастхуф 2773 Пастхуф, Баҷув, Барде, Дерде, Пастбаҷув.
Рӯшон 5587 Рӯшон (шаҳрак), Шуҷанд, Эмс, Багу
Савноб 2774 Савноб Барчадев, Кудара, Нисур, Пасор, Рошорв, Рухч,

Япшорв

Муъминшоҳ Абдулвосиев (собиқ Шидз) 2015 Шидз, Вамд, Вознавд, Деҳ, Шпад

Ҳукумат[вироиш]

Тақсимоти идории ВМКБ

Сарвари ноҳияи Рӯшон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рӯшон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рӯшон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.


Эзоҳ[вироиш]

  1. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  2. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  3. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  4. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  5. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.

Манобеъ[вироиш]

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0


Ноҳияҳои Бадахшон
Ноҳияи Дарвоз. Ноҳияи Ванҷ. Ноҳияи Рӯшон. Ноҳияи Шуғнон. Ноҳияи Роштқалъа. Ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Мурғоб.