Овошиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Савт (фонетика) (форсӣ: آواشناسی‎) як соҳаи илми забоншиносӣ буда, ҷиҳати овозии забонро меомӯзад. Ҳамаи ҳодисаҳои забон: морфемаҳо, калимаҳо, ҷумлаҳо ва ғ. ӄонунҳои ҳамнишинӣ ва тағйири онҳо, ки дар майнаи мо дар шакли мафҳумҳо, тасаввуротҳо, наӄшаю ӄонунҳо ва муносибатҳои умумигардида маҳфуз мебошанд, ҷиҳати моддӣ-моҳияти овозӣ зоҳир мешаванд.Нутӄи овозӣ шакли мавҷудият, ҷиҳати моддии забон аст.Вазифаи илми савт таҳӄиӄи системаи овозии забон мебошад. Савт воҳидҳои овозии забонро равшан ва муӄаррар намуда, моҳият ва саҳми онҳоро дар ташкили мубодилаи афкор муайян менамояд.Мавзӯи баҳси савт маҷмӯи ҳодисаҳои овозии забон мебошад, ки дар байни онҳо овозҳо, зада ва оҳанг мавӄеи асосиро ишғол менамоянд.Овозҳо воситаи асосии ташаккули овозии забон мебошанд.Савт дар асоси таҳӄиӄи овозҳои нутӄ миӄдор, ӄонунҳои ҳамнишинию тағирёбӣ ва гурӯҳҳои онҳоро муайян менамояд.Илми савт инчунин моҳият ва навъи задаро муайян намуда, ҷойи онро дар калима, тағйир ё пойдории онро дар калимасозию шаклсозӣ, вазифаи онро дар низоми фонологии забон таъин месозад.Оҳанг (интонатсия) аз воҳидҳои мураккаби савтӣ ба шумор меравад.Унсурҳои оҳанг , вазифа ва ҳамкории онҳо дар ташкили навъҳои гуногуни оҳанг вобаста ба маӄсади гуфтор, (пурсиш, ахбор, ангезиш), воҳидҳои асосии оҳанг таӄтеву ташкили савтии он ва ғайра мавзӯи баҳси соҳаи дигари савт (фонетика)- оҳангшиносӣ (интонология) аст.

Адабиёт[вироиш]

  • Додихудо Саймоддинов Форсии бостон: Овошиносӣ, грамматика, овонавишт, катибах̧ои мехӣ ва вожанома., Институт забон адабиёти рӯдакӣ, 2008

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. -с.13