Озарахш (шоир)
Толиб Каримов | |
Таърихи таваллуд: | 13 август 1963 (59 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Айнӣ |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Озарахш (Толиб Каримов; 13 августи 1963, деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ) — шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Толиб Каримов 13 августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро (1984) хатм карда. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1986—1989, муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1989—1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, 1992—2002 муҳаррири телевизиони вилоят будааст. Аз соли 2002 хабарнигори ҳафтаномаҳои «Нақлиёт» ва «Адабиёт ва санъат» дар вилояти Суғд мебошад. Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Муаллифи китоби ашъори «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир» ва «Чархболи Офтоб» аст, ки дар Душанбе ва Хуҷанд интишор ёфтаанд ва муаллифашонро дар қатори ҷавоншоирони ҳунарманди кишвар мақом бахшидаанд. Зиёда аз 10 намоишномаи ӯ дар саҳнаи театрҳои кишвар (хусусан, театри наврасон) пешниҳоди ҳаводорони ҳунари театрӣ гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Нақши Рӯдакӣ» аз он шумуланд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва узбакӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Дар ҳайати намояндаҳои расмии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар қитъаи Африқо (Гана, Бенин ва Того), кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Инглистон дастовардаҳои адабиёту санъати тоҷикро тарғиб кардааст.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ҷоизаи ба номи Камолӣ Хуҷандӣ (барои филми «Ифтихор»);
- Ҷоизаи байналмилалии Имом Хумайнӣ;
- Ҷоизаи «Боргоҳи сухан»;
- Медали «Хизмати шоиста» (2012).[1]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 172—173 ISBN 978-99947-2-379-9