Озмоишгоҳи кишоварзи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Озмоишгоҳи кишоварз дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Озмоишгоҳи кишоварз Соли 2007 таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш Саидов Ш. вазифаи мудирии онро ба уҳда дорад.
Фаъолияти озмоишгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар сохтораш ду бахш:агротехнология ва муҳандисӣ фаъолият доранд. Дар бахши агротехнологии озмоишгоҳ барномаҳо оид ба технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, шолӣ ва ниҳолпарварии дарахтони мева, ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар бахши муҳандисиаш машқгоҳ мавҷуд аст, ки дар он ҷо ба донишҷӯён касби ронандагиро меомӯзонанд ва онҳо дар як вақт ба масоили таъмири техникаю олот, баҳодиҳӣ ба сифати коркарди асосӣ, пеш аз киштӣ, кишт, нигоҳубини рустаниҳо шиносонида мешаванд. Дар баробари омӯзиши технологияи парвариши зироатҳо дар масоҳати вобастакардашуда истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст, ки он ба омӯзгорон ва кормандони ёрирасон пешниҳод карда мешавад. Дар пойгоҳи ин озмоишгоҳ барои истеҳсоли маводҳои фармасевтии пешгирии муолиҷаи чорво шароит фароҳам оварда шудааст. Дар машқгоҳ дар се вақт имкон аст, ки 25 донишҷӯ қабул карда шаванд, зеро шароити зист фароҳам оварда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |