Jump to content

Озодкунии пеш аз муҳлат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Озодкунии пеш аз муҳлат - пеш аз муҳлат озод кардани шахси маҳкумшуда аз адои ҷазои бо ҳукми суд муайяншуда. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки дар қонун пешбинӣ шуда бошад. Қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ якчанд шакли озодкунии пеш аз муҳлатро пешбинӣ мекунанд: озодкунии шартӣ пеш аз муҳлат; озодкунӣ бо мақсади ба ҷазои сабуктар иваз намудан; озодкунии пеш аз муҳлат бо сабаби беморӣ; озодкунии занони ҳомиладор ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд ва озодкунӣ бо сабаби маъюбӣ. Озодкунии пеш аз муҳлат танҳо аз тарафи суд ва мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун амалӣ гардонида мешавад. Озодкунии пеш аз муҳлат аз озодкунӣ пас аз адои муҳлати ҷазо ва озодкунӣ бо санади авф фарқ мекунад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Озодӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 367