Зан
Зан (форсӣ: زن аз паҳлавии zhān) — инсони болиғи мода ва ҷуфти мард. Умуман духтареро, ки даврони булуғ ва навҷавонии худро тамом карда ва ба сине, ки дар аксари фарҳангҳо ва ҷавомеъ маъмулан 18-солагӣ мебошад бирасад, зан гӯянд, аммо ин таъриф метавонад дар ҳар фарҳанг, ҷомеъа, тамаддун ё қонун мутафовит бошад.
Вожаи духтар барои инсон ноболиғи мода ва фарзанд мода ва гоҳе дар забони омиёна барои занони ҷавон ба кор бурда мешавад. Дар форсӣ вожаҳои «бону», «хонум» ва дар қадим «хотун» барои ишора муҳтарамона ба зан корбурд доранд. Ҳамчунин вожаи зан як ном ҳамагонӣ барои ишора ба инсони мода аст монанди «ҳуқуқ занон». Ба таври маъмул як зан тавоноии бордорӣ ва зоиш дорад. Ба зани дорои фарзанд модар гӯянд.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вожаи зан дар забони паҳлавӣ жан, дар Авесто ва ҳиндии бостон ҷани[1] ва дар англиси бостон wifman ба маънӣ «инсон мода» будааст (дар баробар werman ба маънӣ инсони нар) дар он даврон man ва mann маънии хунсо дошт ва фақат навъи инсонро мехонд. Ҳамчунин дар забони сербии поинӣ жона (žona) ва дар забонҳои бусниёӣ, чехӣ ва крувоти гена (žena) ва дар забон курдӣ ген гуфта мешавад.
Хусусиятҳои равонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зан меҳвари мудирияти хона, хонавода ва ҷамъият мебошад. Хусусиятҳои равоние, ки ба ҷинси зан бештар хоссанд: латофат, меҳру дӯстӣ, таннозиву карашма, чолокӣ, зиндадилӣ, ҳассосияти баланд, майлу рағбати ҳар чи зудтари оила барпо кардан ва онро нигоҳ доштан, мутобиқшавӣ ба муҳити тағйирёбанда, вокуниши баланд ба фишорҳои муҳит ва ғ. Дар бисёр ҷомеаҳои муосир ибораи «хурофотҳои ҷинсӣ» маъмул аст, ки ба зан хислатҳои ғайрифаъол, вобаста будан аз мард, ҳассосият, ғамхорию раҳмдилии аз ҳад зиёд нисбат дода мешавад. Таҳқиқоти зиёди илмӣ собит кардаанд, ки шабоҳатҳои биологии зан ва мард аз тафовутҳои онҳо бештаранд. Дар биология барои ифодаи ҷинси зан рамзи сайёраи Ноҳид ♀ истифода мешавад.
Таърихи инсоният аз замони модаршоҳӣ оғоз гардида, дар ин даврон инсон аз осоишу амният ва ривоҷу равнақи бештаре баҳраманд будааст, дар сурате ки дар даврони падаршоҳӣ одамият ба ҷангу низоъҳои бешумор ва кушторҳои бераҳмона ҷалб шудааст. Шурӯъ аз даврони падаршоҳӣ то охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 дар бархе аз кишварҳои олам мардон ба занон на ҳамчун инсони сазовори эҳтиром, балки ба мисли ғуломони беҳуқуқ, ҳамчун ашё ва мол муносибат мекарданд; зан бидуни иҷозати шавҳар ҳатто моликияти шахсӣ дошта наметавонист.
Мақоми зан дар фарҳангҳои мухталиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Эрони Бостон зан мақоми баланди иҷтимоиро молик буд: дар ихтиёри вай мудирият, хоҷагӣ ва савдо қарор дошт; ба корҳои давлатӣ машғул буд ва баробари мардон маош мегирифт («Тахти Ҷамшед»). Бо тавлиди кӯдак, то замони неруманд гаштанаш аз ҷониби давлат ба зан идрорпулӣ (кумак барои таваллуди кӯдак) пардохт мешуд (дар Аврупо дар асри 20 роиҷ гардид). Зан метавонист роҳбари давлат, соҳиби қасру кушкҳо бошад, дар ҷангҳо баробари мардон ширкат намояд (мас., Гурдофарид дар «Шоҳнома»). Дар оини зардуштӣ зану мард дар умури ҷамъиятӣ яксон ҳастанд ва бартарии онҳо танҳо аз рӯи ростӣ, пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек ва хидмати ҳар чӣ бештар ба мардум муайян мегардид. Дар даврони Сосониён нахустин подшоҳзани эронӣ духтари Хусрави Парвиз – Пурондухт (591–631) ҳукмравоӣ кардааст.
Дар Ҳинди Бостон, тибқи осори динии ҳиндуҳо («Ведаҳо», «Рамаяна», «Маҳабҳарата»), зан ҳуқуқ ва мақоми баланд дар ҷомеа дошт. Вай мебоист покдоман ва соҳиби шавҳар ва оилаи хуб бошад. Аммо тибқи матнҳои дигари ҳиндуия («Манусмрти») ҳуқуқи зан маҳдуд буд. Ҳангоми фавти шавҳар зан ҳамроҳи вай зинда сӯзонда мешуд. Ҳарчанд ин анъана (сатӣ) аз ҷониби Ҷалолуддин Муҳаммад Акбар ва мувофиқи «Дини илоҳӣ»-и ӯ манъ гардид, вале он дар баъзе минтақаҳои Ҳинд то нимаҳои асри 20 идома дошт. Дар устураҳои Чини Бостон мабдаи зан ва мард – «ин» ва «ян» ҳамчун неруҳои кайҳоние дониста мешуд, ки бо ҳамкории онҳо ҳастии ҷовидонаи Кайҳон таъмин мегардад; зан ба шавҳараш ҳамчун бо ҳоким муроҷиат ва муносибат мекард. Дар Мисри Бостон зане, ки ба шавҳараш хиёнат мекард, ҳатман сӯзонда мешуд, вале барои хиёнати мард ҷазое пешбинӣ нашуда буд.
Дар устураҳои Юнони Бостон нахустин зан – Пандора аз ҷониби Зевс барои ҷазо додани мардум, аз сабаби он ки Прометей барои онҳо оташ дуздида буд, фиристода шудааст. Дар осори Ҳомер зани зебо арзиши чаҳор барзаговро дошт. Юнониҳои бостон бар он андеша буданд, ки ишқи зан зуҳури маризӣ дар вуҷуди мард аст. Демокрит мегӯяд: «Бигзор зан тафаккур накунад: тафаккур кардани вай хеле бад аст!» Суқрот гуфтааст, ки ишқи зан заҳр аст. Ӯ занро моликияте меҳисобид, ки ҳатман дар хона бояд нигоҳ дошта шавад. Аз назари Арасту, зан иштибоҳи табиат аст; фазилати вай дар муқоиса бо фазилати шаҳрванд дар чизи тамоман дигар буда, аз фазилати ғулом камтар фарқ мекунад. Вай бар ин андеша буд, ки зан марди табиатан ноқис мебошад. Дар Руми Бостон мардон ҳуқуқ доштанд, ки занро бихаранду бифурӯшанд ва ҳатто бикушанд. Дар Руси Қадим аслан ҳеч гуна никоҳ вуҷуд надошт; мард заншавандаашро дуздида ба хонаи худ мебурд. Дар даврони ҷоҳилия арабҳо духтарони навзодро зинда гӯр мекарданд.
Дар яҳудият
[вироиш | вироиши манбаъ]Яҳудиёни то замони паёмбар Мусо (а) занро ҳамчун мол мехариданду мефурӯхтанд; ҳар як падар метавонист духтари худро ба муддати номуайян бифурӯшад. Духтар аз ин савдо саҳме надошт ва ҳама маблағ аз они падар буд. Тибқи Талмуд, зан ғуломи шавҳари худ ба шумор мерафт. Ҳар як марди яҳуд бояд ҳамарӯза дуо мехонд ва шукр мекард, ки Худованд ӯро зан наофаридааст. Зани яҳуд дар дуояш бояд Худоро шукргузорӣ мекард, ки ӯро барои итоат ва хидмат ба шавҳараш офаридааст. Талмуд аз мард тақозо мекунад, ки занашро талоқ гӯяд, агар вай на дар хона, балки дар кӯча чизе хӯрда ё нӯшида бошад ё кӯдакашро маконда бошад, агар коса ё табақеро бишканад, агар зеботар аз занаш касеро ёбад.
Дар масеҳият
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар масеҳият зан (Ева – Ҳавво) ба гунаҳгоршавии Одам (а) айбдор мешавад: «...нахуст на Одам ба гуноҳ ҷалб шуд, балки зан ҷалб гардида, ба ҷиноят гирифтор шуд... Занҳо, чӣ тавре ки аз Худо итоат мекунед, шавҳарони худро ҳамон сон фармонбардорӣ кунед, зеро шавҳар сарвари хонадон аст, чи тавре ки Исо сарвари калисо мебошад...» (Инҷил, Н. Зан Пайғом ба Евсянҳо, 5). Чунин гунаҳгорсозии зан аз ҷониби масеҳият муносибати манфии ҷомеаро нисбат ба вай барангехт ва мақомашро дар тамоми олами масеҳият заиф гардонид. Августини Қиддис ҳаргиз дар хонааш ва мизи хӯрокхӯриаш занро роҳ намедод. Ба андешаи кашиш Томас: «...диндори асил танҳо касе метавонад бошад, ки ҳеч гоҳе ба ҳеч зане даст нарасонида бошад. Танҳо касе метавонад Рӯҳи муқаддас дошта бошад, ки савганди беникоҳӣ хӯрдааст...». Фалсафаи динии масеҳӣ дар асрҳои миёна ғояҳои камарзиш, шаҳватпараст ва махлуқи паст будани занонро тарғиб мекард; бадбинии зан ривоҷ ёфт ва дар симои зан ҳатто албастиву ҷодугарро медиданд. Дар натиҷа, дар асрҳои 11–12 дар Аврупо занҳое, ки ба ҷодугарӣ (иттиҳод бо Шайтон) айбдор гардида, сӯзонда шуда буданд, даҳҳо ҳазор нафарро ташкил доданд. Соли 1484 Поп Инокенти 8 қароре баровард, ки тибқи он ба шикори ҷодугарзанон расмият бахшида шуд. Агар «гуноҳ»-и онҳо собит мегардид, дар оташ сӯзонда мешуданд. Дар калисои ҷомеаи асрҳои миёна ҳатто чунин масъалагузорӣ шуда буд: «Оё зан инсон аст?» Чунин муносибати манфӣ ба зан ва бисёр дигар хурофоти динӣ дар асрҳои миёна ва даврони нав боиси авҷ гирифтани норозоияти мардум, бахусус занону олимон ва донишмандони улуми дунявӣ гардид.
Дар даврони Эҳё муборизаи донишмандон зидди инквизитсия пурзӯр гардид; беасосии бисёре аз хурофоти динӣ фош шуд, аммо ин муборизаи онҳо ҷони ҳазорон донишмандонро рабуд, ки дар миёни онҳо занони зиёде низ буданд. Шурӯъ аз нимаҳои асри 19 дар Амрико ва Аврупо шӯришҳо, корпартоиҳо ва муборизаҳои тӯлонӣ доир гардиданд, ки дар онҳо занон низ дар баробари мардон иштироки фаъол дошта, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ мекарданд: баробарии маош бо мардон, кам кардани вақти корӣ ва ғ. Ин муборизаи занон минбаъд бо номи феминизм машҳур гардид ва тадриҷан дар нимаи аввали асри 20 онҳо тавонистанд, ки на танҳо дар Аврупо ва Амрико, балки дар тамоми дунё таъсир гузошта, ҳуқуқҳои худро ба даст оранд ва бо мардон дар аксари ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳамрадиф бошанд.
Дар ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ислом ҳуқуқи зан бо оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ таҳти ҳимоят гирифта шуд. Мувофиқи шариат, зан ҳуқуқ дорад ба сиёсат машғул шавад, ба мақомҳои баланди давлатӣ интихоб ва ба анвои гуногуни кору фаъолияти ҷамъиятӣ ҷалб гардад. Пайғомбар Муҳаммад таҳсил кардани занро дар баробари мард зарур медонад: «Талаби дониш ҳам барои мард ва ҳам барои зан фарз аст». Мувофиқи таълимоти ислом, биҳишт зери қудуми зан – модар аст. Зани мусулмон ҳуқуқ дорад, ки сарчашмаи даромад дошта бошад ва мувофиқи хости худ маблағи ба даст овардаашро сарф намояд: талоқашро аз мард гирад ва ба зулми вай гардан нафурорад. Ҳарчанд бисёрзанӣ дар ислом раво дониста шуда бошад ҳам, он дар чаҳорчӯби қонуну қоидаҳои муайяни шаръӣ маҳдуд гардонида шудааст: мард бояд бо занҳои худ аз рӯи адолату инсоф муносибат намояд.
Ҳуқуқи зан
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқи мард ва зан ҳанӯз ҳам дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳалли худро наёфтааст. Дар кишварҳои мутараққии Аврупо ва Амрико, мас., маоши мардон аз занон бештар аст ва аксари мансабҳои давлатӣ ба мардон тааллуқ доранд, ҳарчанд нақши занон дар сохтмони ҷомеаи ин кишварҳо аҳаммияти хосса дорад. Дар Русия, Эрон, Чин ва аксари кишварҳои Аврупо беш аз 60 дарсади коргарони корхонаҳои сабук, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, пизишконро занон ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 300000 зан мавриди таҷовуз ба номус қарор мегиранд ва садҳо ҳазори дигар гирифтори зӯроварии оилавӣ мешаванд. Аз ин рӯ, чандин созмонҳои байналмилалӣ аз занон ва ҳуқуқҳои онҳо дар саросари ҷаҳон ҳимоят мекунанд; дар аксари давлатҳои олам қонуну қарорҳои ҳифзи ҳуқуқи зан қабул шудаанд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта мешуд.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии занон назаррас буда, бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, аз ҷумла: Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа дар солҳои 1998–2005» (1998); «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» (1997); Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020 (2010); «Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020» (2015); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (2015); Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015» ва «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014» (2009); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (1999); Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Танзими оила ва ҳукуқ» (1999); Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010» (2001), боби иловагӣ ба Барномаи мазкур «Дастрасии занони деҳот ба замин» (2004); Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016» (2004); Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли оила (2015); Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) ва ғ. Дар ин масир даҳҳо фармону қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, ба тасвиб расиданд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ – Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро қабул кард. Дар Тоҷикистон «Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Анҷумани Иттиҳодияи занони Тоҷикистон» ва ҷамъияти «Занони олими Тоҷикистон» амал мекунанд. Ғайр аз ин, чанд маҷаллаву рӯзнома бахшида ба зан ба нашр мерасанд, аз ҷумла: «Бонувони Тоҷикистон» (маҷалла), «Фирӯза» (маҷалла), «Бонувони Фархор» (маҷалла), «Зану мард» (рӯзнома), «Оила» (рӯзнома) ва ғ.
Дар Тоҷикистон то 1 январи 2017 аз занон 2 нафар академик (Муҳиба Яқубова ва Хуршеда Отахонова), 114 нафар доктори илм ва 928 нафар номзади илм мебошанд (2017). 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Модар ва гиромидошти зан расман ҷашн гирифта мешавад, ки он рӯзи истироҳат аст.
Дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зан дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мақоми барҷаста дошта, бисёре аз ашъори шоирон ба шукӯҳу шаҳомат ва сифоту ҷалоли зан бахшида шудааст:
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғомбаре нест,
Ҳама пайғомбаронро модаре ҳаст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зан / У. Камолов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.