Олга Тутубалина
Ольга Тутубалина | |
Олга Тутубалина - (аз русӣ: Ольга Тутубалина) — яке аз маъруфтарин хабарнигорони русзабони Тоҷикистон мебошад. Вай муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» мебошад.
Шикояти эҷодкорон ва донишмандон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳудуди 10 иттиҳодияву созмони эҷодӣ ахиран эълон карданд, ки алайҳи мақолаи - «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции»)-и Тутубалина ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Муаллиф дар ин матлаби бахшида ба бозгашти шоири маъруф Бозори Собир суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравиро, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», иқтибос оварда, гуфтааст, ки натанҳо Бозори Собир, балки хеле дигар аз зиёиёни тоҷикро, ки корашон ба ҷуз лаганбардории ҳукумат нест, низ метавон айни баҳои Ленинро дод. Раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои олӣ ин суханони рӯзноманигорро таҳқири тамоми зиёиёни Тоҷикистон мехонанд[1][2].
Як идда ташкилотҳои эҷодиро «зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд» номидани Олга Тутбалина, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» нороҳат сохт ва онҳо эълон карданд, ки ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд[3].
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Торнамои Олга Тутубалина дар Азия Плюс Бойгонӣ шудааст 4 июли 2013 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ О.Тутубалина: Фикрамро дар бораи зиёиён дигар накардаам http://www.ozodi.org/content/olga-tutubalina-defend-her-hard-critical-blog-about-tajik-intellectuals/25019219.html
- ↑ Шикояти эҷодкорон ва донишмандон алайҳи Тутубалина http://www.ozodi.org/content/tajik-intellectuals-complain-to-court-against-journalist-olga-tutubalina/25017988.html
- ↑ М.Бахтӣ: «Зиёии ҳақиқӣ он нест, ки мардумашро дашном диҳад» http://www.ozodi.org/content/article/25020026.html
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |