Jump to content

Кароматулло Олимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Олимзода Кароматулло)
Кароматулло Олимов
Кароматулло Олимов
Таърихи таваллуд 27 июл 1944(1944-07-27) (80 сол)
Зодгоҳ Истаравшан
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Кароматулло Олимов — файласуф, ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2014), Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кароматулло Олимзода 27 июли соли 1944 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1964).

  • Мудири бахши Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1985—1990),
  • мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, (1991—1996),
  • котиби якуми Кумитаи шаҳри Душанбеи ПК Тоҷикистон (1996—2000),
  • узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997—2000),
  • намояндаи Маҷлиси шаҳри Душанбе (1996—2000),
  • вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001—2004),
  • мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2007),
  • раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО (2001- то имрӯз).
  • Директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон, (2007—2008).
  • Директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҶТ (2008—2010).
  • И.в. ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, — раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон,
  • узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ, (2010).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ. Кароматулло Олимов ба таҳқиқи афкори фалсафии ниёгон ҷуръат намуд, паҳлӯҳои мухталифи ҷаҳонбинии Абулмаҷид Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайрро ҳамаҷониба муайян сохт ва дар шакли китобу рисола ба хидмат овард, ҳикмати Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Бедил, Пири Ҳирот ва дигаронро омӯхта, перомуни аҳамият ва таъсири он ба фалсафаи ҷаҳонӣ мақолаҳои арзишманд ба табъ расонд, самту хусусиятҳои инкишофи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ - ахлоқии мардуми форсинажодро нишон дод. Дар китоби «Тасаввуфи Хуросон» (соли 1994) аввалин маротиба дар илми таърихи фалсафаи тоҷик осор ва зиндагиномаи орифони машҳури карнҳои IX -XII ҳамаҷониба мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифт. Муаллиф масоили умдаи фалсафаи таълимоти суфиёни Хуросон, аз ҷумла ҳастӣ, маърифат, иҷтимоъу ахлоқро мувофиқи усул ва методологияи пешқадами илми муосири фалсафӣ ва арзишҳои умумибашарӣ тарҳрезӣ намуд, дар он баробари масъалаҳои назариявӣ мушкилоти омалӣ дар таълимоти орифон инъикос ёфтааст. Дар канори пажуҳишу таҳқиқ ин донишманди пуркор ба тарҷумаи баъдеӣ шуғл меварзад, минҷумла асарҳои безаволи Ҳаким Ибни Сино «Азҳавия» - ро аз тоҷикӣ ба русӣ ва «Ишорот ва танбеҳот» - ро аз арабӣ ба тоҷикӣ баргардонида¬аст. Зери назараш чандин маҷмӯъа, рисолаҳои илмӣ, адабию маълумот-диҳанда рӯи чоп дидаанд, ба бисёр китобҳои илмӣ тақриз навишта¬аст. Устод Кароматулло Олимов аз адабиёти пешину муосири тоҷик хуб огоҳӣ дорад, ба шеъргӯӣ вақт меёбад, табъаш баланд аст, тавсифу ситоиши фазилатҳои неки инсонӣ мавзӯъи ососии ашъорашро ташкил медиҳад. Осори илмии ин файласуфи ҷиддикор дар Русия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо нашр шуда, номрафта дар конфаронсу симпозиумҳои байналмилалии ҳикмату фарҳаншиносӣ суханронӣ намуда, масоили умдаи илми фалсафаро мавриди баҳс қарор додааст. Асарҳои гаронбаҳои олими намоёни тоҷик дар пажӯҳишу баррасии масоили муб-рами фалсафа ва дигар риштаҳои илм ҳамчун ҷароғи ҳидоят мусоидат хоҳад кард. Кароматулло Олимов ҳамчун сиёсатмадор низ ба мартабаҳои баланд расидааст ва дар вазифаҳои вазири фарҳанг, мушовири давлатии Президенти мамлакат фаъолият намудааст. Имрӯз ӯ ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва сарварии шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии Академияи мазкурро ба уҳда дорад. Mуаллифи беш аз 300 мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию публисистӣ, аз ҷумла монографияҳои "Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ", "Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ", "Тасаввуфи Хуросон" (ба забони русӣ), "Баррасиҳо дар тасаввуф", силсилаи мақолаҳо оид ба проблемаҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатист.

  • Философские и социально - этические взгляди Санои: Дис….. канд. философ. наук. – Душанбе, 1970. – 245 с.
  • Мировозрение Санои. - Душанбе, 1973.-137 с.
  • Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ. - Душанбе, 1988. – 135 с.
  • Хорасанский суфизм. – Душанбе, 1994. - 292 с.
  • Хорасанский суфизм: Опыт историко - философского исследования. – Ташкент, 1994. – 320 с.
  • Бисёрҳизбӣ ва ҷомеъаи демократӣ. - Душанбе, 1995. - 24 с.
  • Баррасиҳо дар тасаввуф. - Душанбе, 1999. - 140 с.
  • Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ»,
  • «Шараф» дараҷаи I,
  • медали ҷашнии Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС,
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998).[2]
  • Кароматулло Олимов. Китобномаи шарҳиҳолӣ [Матн]. - Душанбе, 2014. - 122 с.
  1. http://www.ozodagon.com/18834-prezident-akbar-tursun-va-5-nafari-digar-akademik-shudand.html Бойгонӣ шудааст 6 сентябри 2015  сол. Президент, Акбар Турсун ва 5 нафари дигар академик шуданд, 15 ноябр 2014
  2. ноибони Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. 14 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 апрели 2016.