Олимҷон Алиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Олимҷон Алиев
Алиев Олимҷон Маҳмудович
Санаи таваллуд:

19 феврал 1983(1983-02-19) (36 сол)

Зодгоҳ:

шаҳри Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

иқтисодиёти минтақа, бехатарии озуқаворӣ, таҳлили иқтисодӣ

Ҷойҳои кор:

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои иқтисод (2012)

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000-2005)

Олимҷон Маҳмудович Алиев — олим, иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2012), дотсент.

Зиндагинома[вироиш]

Олимҷон Маҳмудович Алиев 19 феврали соли 1983 дар деҳаи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2000-ум мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Ҳисорро хатм намуда, соли 2005 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси “Молия ва қарз” хатм кардааст. Соли 2005 фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намудаст. Солҳои 2014-2015 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар вазифаи мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг фаъолият намудааст. Аз соли 2015 то инҷониб мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Солҳои 2006-2010 аспиранти ғоибонаи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Роҳҳои худтаъминкунии устувори минтақа бо озуқаворӣ (дар мисоли Тоҷикистони марказӣ)” ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ гаштааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили худтаъминкунии озуқаворӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ӯ аввалин маротиба механизми бозориро барои расидан ба дастрасии иқтисодии озуқаворӣ дар асоси ташаккули шабакаҳои бозорҳои озуқавории минтақавӣ, ки арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзиро аз майдони полезӣ то ба истеъмолкунанда расониданро коҳиш медиҳад, коркард кардааст. Ӯ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии хеш дар заминаи истифодаи тамсилаи консептуалӣ асоснок кардааст, ки низоми худтаъминкунии озуқаворӣ дар минтақа бояд аввалиндараҷа бошад ва аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои худии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва маводи хӯрокворӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин ҷиҳати расидан ба худтаъминкунии озуқаворӣ дар минтақа як қатор тавсияву пешниҳодотро доир ба дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ пешниҳод намудааст.

Осор[вироиш]

Олимҷон Маҳмудович муаллифи бештар аз 40 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 монография ва 2 дастури таълимӣ мебошад.

  1. Проблемы регионального продовольственного обеспечения Республики Таджикистан: Монография / Д.У. Ураков, О.М. Алиев. Душанбе:ИРФОН,2011.– 120 с.
  2. Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона: Дастури таълимӣ / Барфиев Қ.Х., Тоҳирова Р.С., Мирзохонов С.О., Алиев О.М. - Душанбе:ИРФОН,2014.-332с.
  3. Таҳлили ҳисоботи молиявӣ: Дастури таълимӣ / Ойев Н.А., Алиев О.М., Бобиев И.А., Каримов Б.Ҳ. - Душанбе:ИРФОН,2015. –234с.
  4. Проблемы продовольственного самообеспечения региона как основа устойчивого развития: Монография / О.М. Алиев. – Душанбе:ИРФОН, 2018. – 177с.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]