Jump to content

Олимҷон Борудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олимҷон Борудӣ
Сурат
Таърихи таваллуд 17 феврал 1857(1857-02-17)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 декабр 1921(1921-12-06) (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша олим
Падар Möxämmätcan Ğälief[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Борудӣ Олимҷон писари Муҳаммадҷон (17 феврал 1857, Қаволи Хурд[d], Vysokogorsky District[d]6 декабр 1921, Маскав) — рӯҳонии мусулмон ва маорифпарвари Русия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ дар мадрасаи Гулбуюи Урал барои касби таҳсилоти олии динӣ ба Бухоро рафт ва муддати 7 сол дар он ҷо таҳсил кард. Баъди бозгашт ба ватан ба ҷорӣ кардани усули нави таълим пардохт. Олимҷон Борудӣ соли 1882 дар Қазон мадрасаи «Муҳаммадия»-ро таъсис дод, ки бонуфузтарин таълимгоҳи исломии Русия ба шумор мерафт; он алҳол яке аз се таълимгоҳи олии исломии Тотористон аст ва то 500 нафар толибилм дорад. Дар ин мадраса ба шогирдон (онҳоро «шокирд» меномиданд) забону адабиёти тоторӣ, русӣ, арабӣ, форсӣ, инчунин алгебра, нақшакашӣ, физика, ҷуғрофиё, фалсафа, мантиқ, психология, педагогика, ҳуқуқ ва тиб таълим дода мешуд. Олимҷон Борудӣ ҳамзамон дар ҷунбишҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Урал низ фаъолона иштирок мекард. Мақомоти Русия барои ин, инчунин бар асари эътирозҳои тарафдорони усули куҳнаи таълим, Олимҷон Борудӣ-ро ба муддати 2 сол ба Волга-Дони Ғарбӣ бадарға карданд. Дар анҷумани дуюми мусулмонони Русия (соли 1917) сарварии идораи динии марказии мусулмонони Русияи дохилӣ ва Сибир ба зиммаи Олимҷон Борудӣ вогузошта шуд ва ӯ ҳамзамон муфтии мусулмонони Русия интихоб гардид. Олимҷон Борудӣ зимни чандин мулоқот бо сафири Давлати Усмонӣ Камолӣ Суйламаз-уғлӣ, ки то августи 1918 дар Маскав буд, таваҷҷуҳи ӯро ба умури мусулмонони турки Русия ҷалб карда, барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо аз ӯ дастгирӣ ва ёрӣ хост. Барои ҳамин кӯшишҳо аз ҷониби мақомоти Русия дастгир ва чанд моҳ зиндонӣ шуд.

Олимҷон Борудӣ барои ҷорӣ кардани усули ҷадид ба ҳавзаи таълим ва тарғибу ташвиқи афкори маорифпарварӣ дар миёни мусулмонон, бедор кардан ва боло бурдани сатҳи фикрӣ ва фарҳангии онҳо саъю талош мекард. Бо ин мақсад ба марказҳои фарҳанги исломии он рӯзгор — Истанбул, Димашқ, Маккаву Мадина ва Қоҳира сафар карда, бо шахсиятҳои маъруфи илмии ин шаҳрҳо дидор ва гуфтушунид намуд. Олимҷон Борудӣ мехост таълим ба забони туркӣ сурат гирад, барои ҳамин ҳам ба забони туркӣ чандин китоби дарсӣ таълиф кард, ки дар мадрасаҳои он замон истифода бурда мешуданд. Муҳимтарин асари Олимҷон Борудӣ китоби «Маорифи исломӣ» аст, ки бори нахуст соли 1891 чоп шуда, минбаъд борҳо ба табъ расид. Китоби мазкур дар ҷунбиши бедории мусулмонони Русия таъсири амиқ гузошт. Маҷаллаи таъсисдодаи Олимҷон Борудӣ «ад-Дину ва-л-адаб», ки солҳои 1906—1917 дар Қазон чоп мешуд ва афкори ҷадидии муътадил дошт, яке аз муҳимтарин васоити иттилоотии мусулмонони Русия дар он замон ба шумор мерафт.