Олим Абдураҳмонович Аҳмадов (16.03.1958, Душанбе) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2011).
Зиндагинома[вироиш]
Олим Абдураҳмонович Аҳмадов дар факутаи иқтисодии УДТ ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст (1975–80). Корманди иттилооти илмию техникии (ТоҷикНИИНТИ, 1980–1991), сариқтисодшиноси Лоиҳаҳои байналмилалии Ҳукумати ҶТ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва рушди Осиё, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (1991–2006). Пас аз хатми аспирантураи назди Институти марказии иқт. мат. ш. Москваи АИ ФР (2009) корманди шуъбаи иқтисодии Бонки "Американ экспресс" дар Русия (2009–2011). Аз с. 2011 – директори департаменти рушди бизнес дар кишварҳои наздики хориҷии Бонки тиҷоратии «Юнистрим».[1]