Оли Хуҷанд
Оли Хуҷанд, Хонадони Хуҷандиён — сулолаест, ки аз солҳои 70 асри 11 то охири асри 12 риёсати мазҳаби шофеия, баъдтар хукумати вилояти Исфаҳонро дар ихтиёр дошт.
Нуфуз ва мақоми хонадони Хуҷандиёнро қайд карда, шоирон ва муаррихону тазкиранависон онҳоро фозилу илмдӯст ва маърифатпарвар ба қалам додаанд. Ба Оли Хуҷанд Абӯбакр Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ (вафот 1090), ки дар пойтахти Салҷуқиён шаҳри Марв умр ба cap мебурд, асос гузоштааст.
Ӯ дар мадрасаи Низомияи Исфахон мударрисӣ карда, дар атрофи худ уламову удаборо гирд оварда буд. Вазири аъзами Салҷуқиён Низомулмулк нисбат ба Абубакри Хуҷандӣ ва Оли Хуҷанд ҳусни таваҷҷӯҳ ва эътиқоди махсус доштааст. Нақши Оли Хуҷанд дар ободонии вилояти Исфаҳон ва равнақи илму маърифат хеле калон аст.
Дар бунёди Масҷиди ҷомеъ (асри 11), (манораи Чилдухтарон (1107), масҷид ва манорахои Ғop (1121), Сян (1132), Алии Исфаҳон Газ, манораҳои Сорбон (1131—1155), Зиёр, Раҳравон, масҷид ва мақбараи Имомзода Исмоил, марқади Имомзода Аҳмад ва Санги Суманот, оромгоҳи Низомулмулк Маликшоҳи Салҷуқӣ ва ғайра саҳми арзанда доранд.
Намояндагони дигари машҳури Оли Хуҷанд инҳоанд: писарони Абубакри Хуҷандӣ — Абулмузаффар ибни Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ (вафот 1096) ва Абдуллатиф ибни Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ (вафот 1129); Садруддин Муҳаммад ибни Абдуллатиф ибни Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ ва дигарон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Оли Хуҷанд // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).