Jump to content

Онаҷон Азизқулова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Онаҷон Азизқулова
Таърихи таваллуд 24 декабр 1941(1941-12-24) (82 сол)
Зодгоҳ деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: профессор

Онаҷон Азизқулова (24 декабри 1941, деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ) — химик, доктори илми химия (2000), профессор (2002). ноҳияи

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи УДТ (1965). Лаборанти калон (1965—1967), ассистенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ (1967—1968), ассистент ва муаллими калон (1968—1987), дотсент (1987—1998), мудири кафедраи химияи ғайриорганикии ДМТ (аз соли 2003).

Муаллифи зиёда аз 150 таълифот, аз ҷумла дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадии илмро ҳимоя кардаанд. Слансҳои сӯзандаи омӯхтаи Азизқулова барои истеҳсоли як қатор металлҳои нодир ашёи муҳим маҳсуб мешаванд.

Лабораторные работы по неорганической химии, Д., 1988; Методические разработки к практикуму по неорганической химии, Д., 1988. Корҳои амалӣ аз химияи ғайриузвӣ, Д., 2002; Намунаи мисолҳо, масъалаҳо ва машқҳо аз химияи ғайриузвӣ барои санҷиши тестии донишҷӯёни курси якуми факултаи химия, Д., 2003; Лабораторный практикум по курсу «Теория гидрометаллургических процессов», Д., 2006.