Jump to content

Опера-балет

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Опера-балет (фр. opera-ballet) — жанри операвиест, ки дар он саҳнаҳои балетӣ, ҳамчунони вокалӣ (сурудхонӣ) мавқеи муҳим доранд. Опера-балет дар а.-ҳои XVII-XVIII дар Фаронса паҳн гардида буд. Намунаҳои маъруфи он дар ин кишвар: «Аврупои ботакаллуф» (1697) ва «Ҷашнҳои венесианӣ» (1710)-и А. Кампра, «Ҳинди боназокат»-и Рамо (1735). Жанри мазкур вақтҳои охир хеле кам ба назар мерасад («Млада»-и Римский-Корсаков).[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.282 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)