Ормонгароӣ
Ормонгароӣ (форсӣ: آرمانانگاری), идеализатсия (фр. idealization — ормонгароӣ, аз фр. idéal — ормон) — яке аз усулҳои маърифати назариявӣ ва ҷараёни фикрӣ, ки барои бунёди мафҳум ё мудраки идеалишуда равона шудааст; баён кардани тахминҳои идеалишудае, ки ошкоро ё ғайриошкор ба ин ё он таълимоти илмӣ ва назария дохил мешаванд.
Масалан, «ҷисми мутлақан сахт», «ҷисми мутлақан сиёҳ», «гози идеалӣ» ва ғ. Мафҳум ва мудраки идеалишуда натиҷаи озмоишҳои фикрии гуногун буда, барои амалӣ гардонидани ҳолатҳои дар воқеият амалинашаванда заруранд. Мудраки идеалишударо ҳамчун чизи воқеӣ, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Тахминҳои идеалишуда бар ду навъанд:
- Ҳолати омӯзиш барои тағйир додани шароити мавҷуд бунёд меёбад, то ин ки хусусиятҳои муҳимми ашёи идеалишударо ошкор кунад.
- Қонуну қоидаҳое, ки дар онҳо масъалаҳо дар шакли умумӣ ҳалнашаванда мебошанд, ба маънои мутлақ ҳамчун ҳалшуда қабул мешаванд.
Бар ин асос, ки баъзе масъалаҳо дар ягон ҳудуд ва дар ягон нисбат ҳалшаванда мебошанд. Тахминҳои идеалишуда қариб дар тамоми соҳаҳои илм истифода мешаванд, мас., дар назарияи иқтисод баробарии талаботу пешниҳод дар бозор. Ин гуна тахминҳои идеалишударо дар назарияи арзиши меҳнат доимо дучор шудан мумкин аст. Ҳолати ашёи дар ин гуна тахминҳо аксёфта, танҳо дар дохили назария ҷой дорад, аммо дар воқеият дучор намешавад. Барои тахмини идеализатсияшуда тахмини Евклид мисол шуда метавонад, ки мувофиқи он ҳар гуна порчаи хатти ростро метавон тавассути паргор ва ҷадвал ба ду ҳиссаи баробар тақсим кард. Ашёи идеализатсияшуда ҳеч гоҳ ҳарза ва ё сафсатаи соф набуда, ба воқеият муносибат доранд ва онҳо натиҷаи мураккаб ва бавоситаи инъикоси воқеиятанд. Тахминҳои идеализатсияшуда муҳимтарин воситаи маърифати амиқ ва комилан мувофиқи олами атроф ва воситаи муҳимми бунёди назарияҳои илмӣ ба шумор мераванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Томпсон М. Философия науки. М., 2003;
- Войшвилло Е. К. Понятие как форма мышления. М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идеализатсия / Н. Сайфуллоев // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.