Орриён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Орриён
лот. Lucius Flavius Arrianus
Таърихи таваллуд тақрибан 89 ё 95[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 175[2][3] ё 180[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Флавиюс Орриён (лот. Lucius Flavius Arrianus, юн.-қад. Ἀρριανός; тақрибан 89 ё 95[1], Nicomedia[d]тақрибан 175[2][3] ё 180[1], Афина, Achaea[d]) — таърихнигор ва ҷуғрофиёдони Юнони Бостон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Рум муддате дар вазифаҳои давлатӣ буд. Солҳои 121—124 консул ва тақр. солҳои 131—137 фармондори Каппадокия. Доир ба фалсафа, таърих, илми ҷанг, география асарҳо навиштааст. Китоби ҳафтҷилдааш «Таърихи юришҳои Искандари Кабир» барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Асарҳои таърихӣ ва географии «Ҳиндустон», «Сафари Понти Евксин» ва асарҳои фалсафии ӯ «Ёддоштҳо дар бораи Эпиктет» ва «Раҳнамо» то замони мо расидаанд. Асари охирин аз ду рисолаи доир ба илми ҷанг ва як рисолаи оид ба шикор иборат аст. Аз дигар осори Орриён танҳо ном ё порае боқӣ мондааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]