Осафии Ҳиравӣ
Таърихи таваллуд: | 1449 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1517 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Осафии Ҳиравӣ (форсӣ: آصفی هروی; 1449, Ҳирот — 1517) — шоири форс-тоҷик ва аз шогирдони Абдурраҳмони Ҷомӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Осафии Ҳиравӣ соҳиби зеҳни салим ва табъи баланд буда, дар доираи адабии Ҳирот, ки ба он Ҷомӣ сарварӣ мекард, мақоми хос дошт. Осафии Ҳиравӣ яке аз шогирдони бомаҳорати Ҷомӣ буд. Аксари тазкиранигорон ӯро яке аз шоирони пурқудрату тавоно муаррифи кардаанд. Аз ашъори Осафии Ҳиравӣ бармеояд, ки поёни умраш дар хориву зорӣ ва фақру зиллат гузаштааст. Аз Осафии Ҳиравӣ девоне боқист, ки дар он ғазал мавқеи асосӣ дорад. Мавзӯи асосии ғазалиёти Осафии Ҳиравӣ ишқу муҳаббат буда, дар зимни он шоир ба мавзӯъҳои зиёди иҷтимоӣ, пандуахлоқӣ, ҳасбиҳолӣ ва ғайра даст задааст. Дар девони Осафии Ҳиравӣ бисёр банду байтҳое мавҷуданд, ки дар онхо шоир аз воқеоти ногувори замона, фитнаву нобаробариҳо, бекасиву танҳоӣ, беқадриву бадбахтии аҳли хирад шикоят кардааст:
Онам, ки дар ин шаҳр касе нест маро,
Дар боғи ҷаҳон кадри хасе нест маро,
Дар банди бало ҳамнафасе нест маро,
Фарёд, ки фарёдрасе нест маро.
Осафии Ҳиравӣ бар хилофи шуарои маддоҳ барои тамаъ ҳеҷ гоҳ ба мадҳи касе су- хан нагуфта, бо дастранҷи худ хоксорона умр ба cap мебурд. Дар сабку услуб, шакли ғазал Осафии Ҳиравӣ асосан ба Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камол ва устодаш Ҷомӣ пайравӣ мекард. Вале дар ин боб ӯ сухани наву тозае низ доштааст, ки сазовори баҳои баланди суханшиноси бузург — Мирзо Абдулқодири Бедил гардидааст ва аз ин бобат «Сафинаи Хушгӯ» дарак медиҳад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Осафии Ҳиравӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).