Jump to content

Осафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хоҷа Камолиддин писари Хоҷа Наҷмуддин Неъматуллоҳи Кӯҳистони аз шогирдони забардасти Абдураҳмони Ҷомӣ буда,соли 1449 (853 ҳиҷрӣ) дар Ҳирот таваллуд шудааст. Падари ӯ муддате вазири Султон Абусаид (855/1451-872/1468)будааст. Осафӣ дар мадрасаҳои зодгоҳи худ - Ҳирот илм омӯхта, аммо ба мақоме соҳиб намегардад ва ба сахтӣ ва қашшоқи рӯз мегузаронад. Баъдан муддате дар Балх зиста бо писари Султон Ҳусайни Бойқаро - Бадеуззабон Мирзо ки аз соли 1497 (903 ҳиҷрӣ) ҳукмрони мустақили Балх буд, қаробат пайдо мекунад. Осафӣ ба Макка ҳам сафар карда будааст. Осафӣ 3 сентябри 1517 (16 шаъбони 923 ҳичрӣ ) дар Ҳирот фавтидааст. Ба қавли тазкиранависон Осафӣ ду рӯз пеш аз вафоташ ин қитъаро гуфта будааст, ки мисраи чаҳорум таърих буда аз он 923 мебарояд:

Соле, ки рух Осафӣ ба ҳафтод ниҳод
Ҳафтод тамом карду аз пой фитод
Шуд дар ҳафтоду мисраи таърихаш
Паймуд роҳи бақоъ бо гоми ҳафтод.