Осиф Бове

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Осиф Бове
русӣ: Осип Иванович Бове
итол. Giuseppe Bove
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 24 октябр (4 ноябр) 1784
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 (28) июн 1834 (49 сол)
Маҳалли даргузашт
Таҳсил:

О́сиф (Иосиф; Ҷузеппе) Ива́нович Бове́ (итол. Giuseppe Bova, фр. Joseph Bové; 24 октябр (4 ноябр) 1784, Петербург — 16 (28) июни 1834, Маскав) — меъмори рус, академики АР Петербург.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Писари рассоми итолиёӣ Винчентсо Ҷованни Бове. Соли 1782 ба Россия омад. Соли 1802 дар Мактаби меъмории Экспедитсияи сохтани Кремл таҳсил кард. Аз соли 1807 ёвари М. Ф. Казаков ва К. И. Росси дар Маскав ва Твер. Аз соли 1813 меъмор, аз соли 1814 сармеъмори Комиссияи барқарорсозии Маскав. Дар барқарорсозӣ ва таҷдиди Маскав баъди сӯхтори соли 1812 ширкат варзидааст. Бо иштироки Осиф Бове дар Майдони сурх раддаҳои тиҷоратӣ (1815, боқӣ намондааст), солҳои 1816–1924 ансамбли Майдони театрӣ (1816–1924, бо бинои театрҳои Калон ва Хурд), солҳои 1819–1922 Боғи Александровский (дар ҷойи дарёи Негилинная ва истеҳкомҳои Кремл, 1819–1922; фақат Грот боқӣ мондааст) сохта шуданд. Мавзӯи ватандӯстиро Осиф Бове дар лоиҳаи Тоқи зафар, ки солҳои 1827–1934 ба хотираи Ҷанги ватании с 1812 сохтааст, таҷассум намудааст. Осиф Бове яке аз бунёдгарони шакли махсуси иморатҳои шахсии Маскав мебошад. Дар байни дигар корҳои ҷолиби Осиф Бове маъруфтаринашон Беморхонаи шаҳрии 1-ум (ҳамроҳи бародарон М. И. ва А. И. Бове), Калисои ҷомеи Троитски дайри Данилов ба шумор мераванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Бове Осип Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 Бове Осип Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Покровская З. К. О. И. Бове. М., 1999;
  • Новая российская энциклопедия. Т III (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]