Осоишгоҳ
Осоишгоҳ (Хонаи истироҳат) — муассисаи беҳдоштиест, ки реҷаи муқаррарии дамгирӣ дорад ва барои истироҳати одамони солим пешбинӣ шудааст.
Осоишгоҳҳои умумӣ (барои калонсолон) ва махсус (оилавӣ, барои занҳои ҳомила, ҷавонон, байнихоҷагӣ, соҳили дарёию баҳрӣ ва ғ.) мешаванд. Осоишгоҳҳо барои дамгирии якрӯза, 6 -рӯза, 12-рӯза ва 24-рӯза таъйин шудаанд. Кори осоишгоҳ доимӣ (тамоми сол) ё мавсимӣ мешавад, Дар осоишгоҳ барои бештар ҳавои тоза гирифтан, саёҳат, экскурсияҳо, машқҳои ҷисмонӣ ва варзишӣ, бо туризм машғул шудан имконияти хуб муҳайёст. Пештар қисми асосии роҳхатҳоро ба осоишгоҳҳо кумитаҳои маҳаллии иттифоқҳои касаба бепул ё фақат 30% нархашро гирифта медоданд. Ҳоло бисёр осоишгоҳҳо хусусӣ шудаанд ва аз ҷониби соҳибмулкон идора карда мешаванд. Дар замони истиқлоли Тоҷикистон бисёр ташкилот ва корхонаҳои қудратманд хонаҳои истироҳатии худро кушодаанд. Ба монанди Осоишгоҳи “Харангон”, Осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ", Осоишгоҳи “Курант”–и Заводи Арзии Тоҷик (“Талко”), инчунин истироҳатгоҳҳои мавсимии мактаббачагон мисли лагерҳои берун аз шаҳрӣ, меҳнатӣ–истироҳатӣ, омӯзишӣ–истироҳатӣ дар водии Ҳисор, водии Фарғона, водии Зарафшон, ВМКБ амал мекунанд.[1]
Дар Тоҷикистон осоишгоҳҳои:
- «Харангон», "«Шоҳамбарӣ», “«Курант», «Қаротоғ», «Явроз», Хоҷа Обигарм дар водии Ҳисор;
- Осоишгоҳи Зумрад, «Баҳористон», «Конибодом», «Ҳавотоғ», «Ӯротеппа», осоишгоҳҳои соҳили Баҳри тоҷик ва диг. дар вилояти Суғд;
- «Чилучорчашма», «Сари Хосор» ва диг. дар вилояти Хатлон;
- «Гармчашма» «Биби Фотима» ва диг. дар ВМКБ амал карда истодаанд.
Дар Осоишгоҳҳои Тоҷикистон на фақат шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин сокинони кишварҳои хориҷӣ низ истироҳат мекунанд.
-
Соҳили Баҳри тоҷик
-
Осоишгоҳи «Баҳористон», ҳавз барои шиноварӣ
-
Велосипед барои истироҳаткунандагон. Осоишгоҳи «Баҳористон»
-
Осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм»
-
Осоишгоҳи «Зумрад»
-
Ҳавзи Осоишгоҳи «Зумрад»
-
Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор (Хонаи истироҳат).-Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 593