Jump to content

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҳисор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қвлъаи Ҳисор, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҳисор23 декабри соли 1999 ташкил гардида, аз 21 марти соли 2000 дар шаҳраки Ҳисор барои тамошобинон дари худро боз намудааст. Осорхона аввал дар бинои китобхонаи марказӣ ҷой гирифта буд, соли 2005 ба бинои ошёнаи дуюми истироҳатгоҳи фарҳангии ноҳия гузаронда шуд. Ҳоло дар хазинаи осорхона зиёда аз 2700 адад нигора маҳфузанд. Ҳамаи маснуот дар 8 бахши толори намоишӣ: «Таърихи куҳани Ҳисор», «Кишоварзӣ», «Тиб», Ҳисор 3000 сол «Маориф», «Фарҳанг», «Варзиш», «Дастхатҳо», «Сиккашиносӣ» ҷой дода шудаанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ бармеояд, ки дар водии Ҳисор 40-50 ҳазор сол пеш мардум сукунат доштаанд. Бозёфтҳои археологии теппаи Ғозиён ба давраи неолит (асри нави сангин) тааллуқ дошта, дар таърих бо номи Маданияти Ҳисор маъруф гаштааст. Толори якум бозёфтҳои бостоншиносии кишвар аз аҳди неолит то асрҳои миёнаву муосирро дар бар мегирад. Умуман, ҳар як бахш диданиву тамошобоб аст. Осорхонаи дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни 38 Осорхонаи ҷойи сеюмро ишғол кард.[1]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 442-443
  • Осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 224 с.– Матн ба заб. тоҷ., ва руси.
  • Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон. - Душанбе, 2011