Jump to content

Офтобхон Исомова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Офтобхон Исомова
Офтобхон Исматовна Исомова
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1923(1923-11-07) (101 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Маҳалли даргузашт 1992
Пеша(ҳо) сароянда ва раққосаи балет

Исомова Офтобхон Исматовна (7 ноябри 1917, Самарқанд – 1992, Душанбе) — овозхон ва раққоси балет. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1941).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1934 фаъолияташро дар Театри драмаи мусиқии Самарқанд  шурӯъ намуда, 1936 ба Тоҷикистон меояд ва дар Театри мусиқии тоҷик ( аз соли 1940 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) корро идома медиҳад.

Давоми 25 соли фаъолият дар бисёр балетҳо, чун «Ду гул», «Лола», «Дилбар», «Фаввораи Боғчасарой», «Кӯли қувон», «Лолаи сурх», «Лауренсия», «Дон Кихот» партияҳои асосиро иҷро намудааст. Рақсҳои тоҷикӣ ва дигар халқҳоро ҳам бо  маҳорати баланд адо менамуд. Ҳунари хуби сарояндагӣ дошт, сурудҳои халқӣ ва классикиро дилнишин замзама мекард.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.