Сергей Баласанян
Баласанян Сергей Артёмевич | |
Таърихи таваллуд | 13 (26) август 1902 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 июн 1982 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ |
Сабк | опера[1] |
Ҷоизаҳо |
Серге́й Арте́мевич Баласаня́н (26 августи 1902, Ашқобод – 3 июни 1982, Маскав) — композитори арманитабори Тоҷикистон. Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1957), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1939), Ходими хизматнишондодаи санъати РСФСР (1963), Артисти халқии РСФСР (1978).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи шуъбаи радиоахбори факултети таърих ва назарияи Консерваторияи ба номи П. Чайковскийи Маскав (1935). Соли 1936 ӯро Идораи санъати Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ даъват намуд. Сергей Баласанян аввалин Раиси ИК ҶШС Тоҷикистон (1936–1943) аст. Солҳои 1949–1953 ҷонишини раиси Кумитаи радиоахбор, 1953–1954 ҷонишини сардори Сарраёсати ахбори радио, аз соли 1964 котиби ИК РСФСР. Ба фаъолияти педагогӣ низ машғул шудааст: аз соли 1965 муаллим ва профессор, 1962–71 мудири кафедраи композитории Консерваторияи Маскав буд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз асосгузорони театри мусиқии тоҷик ва муаллифи аввалин операи тоҷик – «Шӯриши Восеъ» (либреттои Абдусалом Деҳотӣ ва Мирзо Турсунзода, 1939) аст. Операҳои ӯ «Коваи оҳангар» (ҳамроҳи Ш. Бобокалонов, 1941), «Бахтиёр ва Нисо» (1954), драмаи мусиқии «Лола» (ҳамроҳи С. Ю. Урбах, 1939), балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (таҳрири 1 – 1947; Мукофоти давлатии СССР, 1949; таҳрири 2 – 1957; таҳрири 3 – 1964; ҳамроҳи К. Голейзовский; Театри Калони СССР) дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Дар мусиқии балет амалиёти зиёд, лирикаи нафис ва самимияти бузург ҳис карда мешавад. Барои балети «Лайлӣ ва Маҷнун» Баласанян бо ҷоизаи давлатии СССР мушарраф гардид (1949). Б. бо истифода аз фолклори мусиқии тоҷикӣ, афғонӣ, арманӣ як қатор асарҳои симфонӣ эҷод кардааст (Сюитаи симфонии «Помир» -1944, «Сюитаи тоҷикӣ» -1948, «Ҳафт суруди арманӣ» -1955, «Сюитаи афғонӣ» -1956). Ин асарҳо аз нигоҳи забони мусиқӣ барҷаста ва аз нигоҳи шакл суфта, маҳорати инструментовкаи оркестри композитор бараъло ба назар мерасад.
Соли 1961 Баласанян балети «Шакунтала»-ро аз рӯи драмаи Калидас (а. V) ба итмом мерасонад ва соли 1970 барои балети «Шакунтала» сазовори ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мегардад. Солҳои 70-ум Баласанян дар жанрҳои мусиқии симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хор бештар асар офаридааст, ки достони вокалӣ-созии «Аметист» ба шеърҳои Э. Межелайтис ва Р.Тагур барҷаста аст.[3] Ҳамчунин, ӯ муаллифи асарҳо барои орекестри симфонӣ ва яккахон, 4 суита (тоҷикӣ, помирӣ, балетӣ, афғонӣ), 100 такмил барои фортепиано, сурудҳо, романсҳо, мусиқӣ барои спектаклҳои драмавӣ, кинофилмҳо ва ғ. мебошад. Баласанян аз соли 1965 профессори Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. Чайковский буд ва дар тарбияи кадрҳои композиторӣ барои Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. Эҷодиёти Сергей Баласанян хеле пурмазмун буда, аз оҳангҳои фолклории халқҳои Шарқ бой аст. Сергей Баласанян аз зумраи композиторонест, ки зиндагии осуда, дӯстии халқҳо ва сулҳу амниятро ҳаққонӣ ва ибратомез тавсиф намудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (1969). Бо 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва 2 ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Армянская советская энциклопедия (арм.) / зери таҳрири Վ. Համբարձումյան, Կ. Խուդավերդյան — Հայկական հանրագիտարան հրատարակչություն, 1974.
- ↑ 2.0 2.1 Ով ով է. հայեր (арм.) / зери таҳрири Հ. Այվազյան — Երևան: Հայկական հանրագիտարան հրատարակչություն, 2005. — Ҷ. 1. — С. 196.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 49-50 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Советские компзиторы и музыковеды. Т. 2. М., 1981
- Композиторы и музыковеды Таджикистана. Д., 2010.
- Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баласанян, Сергей Артемевич / Н. Шарипов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 26 август
- Зодагони соли 1902
- Зодагони шаҳри Ишқобод
- Даргузаштагони 3 июн
- Даргузаштагони соли 1982
- Даргузаштагони Маскав
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозон аз рӯи алифбо
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Оҳангсозони ИҶШС