Охур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Охури гов дар оғил

Охур — ҷоест барои хӯроки чорпоён. Охур пошхурӣ, сарфаи хӯрок, шароити беҳдошту гигиенаи хӯрокдиҳиро таъмин менамояд. Сохт ва андозаи охур ба намуд, синну сол ва усули пар­вариши чорво вобаста аст. Охур бояд барои ҳар гуна хӯроки якдафъагии ҳайвонот, инчунин барои пур кардани хӯрок, беҳдошт ва дезинфексия мувофиқ бошад.

Навъҳои охур[вироиш | вироиши манбаъ]

Охур барои гов стасионарӣ ва сайёр, яктарафа ва дутарафа, фардӣ ва муштарак мешавад. Шакл ва андозаи охур мувофиқи дар дарун ё беруни охур ҷойгир шудани таҳвилнавори тақсимгарак (транспортёр) гуногун мешавад. Дар СССР барои чорпоёне, ки баста ва набаста парвариш мекунанд, бештар охурҳои стасионариро истифода мебаранд, барои гӯсолаҳо бошад, охурҳои ҷудошавандаро ба кор мебаранд. Барои говҳои ҷушоӣ, ки бо дастгоҳҳои говдушӣ таҷҳизонида шудааст, аз охурҳои фардӣ (барои консентрат) истифода мекунанд. Консентрат ба охур аз дозатор дохил мешавад, ки бо ёрии механизмҳо, дастӣ ё автоматӣ ба кор медароранд. Охур одатан ҳангоми бино кардани молхонаҳо сохта мешавад.

Охурҳо дар фермаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар фермаҳои асппарварӣ охурро барои хӯрокиҳои омехта ва дурушт истифода мебаранд. Аввал охурҳои чудо мешудагӣ месозанд ва пас ба девор мустаҳкам мекунанд. Онҳоро барои хасбеда ва силос пешакӣ охур тахсис мекунанд, барои консентратҳо —рештак. Ба барраҳо дар новаҳои паҳнпоя хӯрок медиҳанд. Барои фермаҳои хукпарварӣ дар саноат намудҳои гуногуни охурҳои автомат бароварда мешавад. Махсусан охурҳои навъи АКТ, СМ-1 ва ВС-1,0 маъмуланд. Охурҳои АКТ ва СМ-1 барои хӯрокҳои хушки пошхӯранда (АКТ-и дутарафа ба 50— 60 хук, СМ-1-и яктарафа барои 20—30 хук), ВС-1,0 барои ниммоеъҳои омехта ва пасмондаҳои хӯрокии пухташуда таъйин шудаанд. Гунҷошиаш 1 тонна хуроки ниммоеъ. Ба­рои дигар чорпоёни хочагии қишлоқ ҳам охурҳои махсус месозанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]