Jump to content

Оғоҷии Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳасани Оғоҷӣ
Номи пурра Абулҳасани Оғоҷӣ Алӣ ибни Илёс
Навъи фаъолият: шоир

Абулҳасани Оғоҷӣ Алӣ ибни Илёс, маъруф ба Оғоҷӣ ё Ағаҷӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 10).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар зодгоҳаш Бухоро гузаштааст. Баъди дар илму дониш ва шоирӣ шуҳрат ёфтан, ӯро соли 977 ба дарбори шоҳи сомонӣ – Нӯҳ ибни Мансур (ҳукмронӣ 976 – 997) даъват намуданд. Абулҳасани Оғоҷӣ ба забони арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ шеър эҷод мекард. Муаллифи тазкираи «Ятимат-уд-даҳр» Абумансури Саолибӣ қайд мекунад, ки Абулҳасани Оғоҷӣ аз шоирони cоҳибдевон буда, девони ашъораш дар Хуросон машҳур аcт. Мутаассифона, девони ашъори ӯ то ҳол дастрас нагардидааст. Аз мероси адабии ӯ имрӯз 39 байт дарёфт шудааст. Шоир дар абёти парокандаи худ аз носозгории замон, қадру қимат надоштани аҳли илму ҳунар шикоят кардааст. Абёти зерин аз ӯст:

Туро фазилат бар хештан тавонам дид,
Валек фазлат – номардумисту бехирадӣ.
***
Дар гили ғурбат зи по башлиданам,
Нест мумкин рӯи ёрон диданам.
***
Тар аст замин зи дидагони ман,
Чун пой биниҳам – ҳаме фурӯ лағзам.
  • Заҳрои Хонларӣ, Роҳнамои адабиёти форсӣ, Т., 1340 ҳ. ш.;
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Д., 2007.