Оқомалик бинни Чамолиддин Амиршоҳӣ
Зоҳир
Оқомалик ибни Чамолиддин Амиршоҳӣ ё Шоҳӣ аз шоирони ғазалсарои бомаҳорати тоҷик буда, тақрибан соли 1385 (787 ҳиҷрӣ) дар Фирӯзкӯҳи Сабзавор таваллуд ёфтааст. Падари ӯ аз сулолаи Сарбадорон буд, ки дар чануби Хуросон хукумат меронданд. Вай баъди андухтани дониш ва ҳунар муддате дар Ҳирот зиста, баъдан хокими Астаробод таъйин гардида будааст. Шохи хаттоту рассом ва мусикидон низ будааст. Шохи соли 1453 (857 ҳиҷрӣ) дар Астаробод фавтидааст, аммо часади уро ба Сабзавор оварда дафн кардаанд. Аз шохи то ба замони мо як девон омада расидааст, ки дорои ғазалиёту китъаот ва рубоиёт мебошад.
Аз ғазалиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хат бар лолаи тар мушки Чин рехт,
- Бунафша бар канори ёсумин рехт.
- Сабо гарде, ки бурд аз остонат
- Аруси гунчаро дар остин рехт.
- Ба шухи абруят зебокамонест,
- Ки чашмат хуни халқе аз камин рехт.
- Гул аз шухи хамезад бо рухат лоф,
- Чу дид аз шарми руят бар замин рехт.
- Шароби ошики то хурд Шохи,
- Ба химмат чуръа бар чархи барин рехт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |