Оҳанг (забоншиносӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Оҳанг - Интонатсия (аз лот.intono-баланд талаффуз мекунам), оҳанг лаҳн. И. ду навъ аст: 1) дар ҷумла маҷмӯи воситаҳои овози забон аст, ки нутқро аз ҷиҳати фонетикӣ мураттаб месозад,таносуби маъноии қисмҳои ҷумларо устувор мекунад ва ба ҷумла тобишҳои хабарӣ, саволӣ,амрӣ ва ғ. медиҳад.Воситаҳои фонетикии И. :тақсими задаҳои таъкиди байни калимаҳо, оҳанги нутқ,истҳо(паузаҳо),суръати нутқ, тобишҳои ҳиссии тембри овоз. И. дар навишт ба воситаи аломатҳои китобатӣ ва воситаҳои графикӣ ифода меёбад;2)оҳанги нутқ, пасту баландии талаффуз дар овози садоноки алоҳида, ҳиҷо ва овози алоҳида И.-ро задаи савтӣ(оҳангӣ) меноманд. И. дар матнҳои бадеӣ аз муҳимтарин воситаҳои ифодаи маъно ва ҳис ба ҳисоб ба меравад.