Павел Антоколский
русӣ: Па́вел Григо́рьевич Антоко́льский | |
Таърихи таваллуд: | 1 июл 1896[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 9 октябр 1978[4][1][2][…] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон, драматург |
Жанр: | Очерк (Қиссаи мустанад) |
Забони осор: | фаронсавӣ ва русӣ[4][7][8] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Па́вел Григо́ревич Антоко́лский (19 июл (1 июл) 1896, Санкт-Петербург — 9 октябри 1978, Маскав) — шоир, тарҷумони рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1904 бо оилаашон ба Москва кӯчид. Ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Москва дохил шуд (таҳсилро ба охир нарасонд). Асарҳояш аз соли 1918 ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш соли 1922 чоп шуд. Солҳои 1919 — 34 дар студияи драмавие, ки ҳунарманди маъруфи рус Е. Б. Вахтангов сарвараш буд ва сипас дар Театри ба номи Е. Б. Вахтангов кор кардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 45) сарвари театри фронтӣ буд. Доираи фаъолияти эҷодии Антоколский чун шоир ва нависанда доманадор ва пурвусъат буд. Ӯ доир ба Франсия, аҳли адаби ин кишвар, доир ба ҳаёту зиндагии мардуми собиқ кишвари шӯравӣ, корнамоиҳои мардуми шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ асарҳои манзуму мансур, шеърҳо, достонҳо ва ғайра офаридааст. Барои достони «Писар» (1943), ки ба писари дар ҷанг қурбоншудааш бахшида шудааст, соли 1946 сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид. Антоколский асарҳои Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Дар матбуоти тоҷик баъзе шеърҳояш ба табъ расидаанд.
Мукофоту орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ленин ва «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 LIMIS (лит.)
- ↑ 2.0 2.1 Русская литература XX века. Прозаики, поэты, драматурги (рус.) / под ред. Н. Н. Скатов — 2005. — С. 94—96. — ISBN 5-94848-245-6
- ↑ Литераторы Санкт-Петербурга. ХХ век (рус.) / под ред. О. В. Богданова
- ↑ 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
- ↑ Антокольский Павел Григорьевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ ПроДетЛит (рус.) — 2019.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антоколский, Павел Григоревич // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 июл
- Зодагони соли 1896
- Зодагони Санкт-Петербург
- Даргузаштагони 9 октябр
- Даргузаштагони соли 1978
- Даргузаштагони Маскав
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони ИҶШС
- Шоирони Русия
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои ИҶШС
- Тарҷумонҳои Русия
- Тарҷумонҳои асри XX
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Адибон аз рӯи алифбо