Пайвастҷоғҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пайвастҷоғҳо
Tetraodon fluviatilis
Tetraodon fluviatilis
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Tetraodontiformes

Пайвастҷоғҳо (лот. Tetraodontiformes) — як қатори моҳиҳои устухондорро гӯянд, ки устухонҳои ҷоғи боло (mxjo бо ҳамдигар пайваст шудаанд (номашон низ аз ҳамин ҷост); дарозии танашон аз 4 сантиметр (хол­ларитедҳо) то 2,5 метр ва зиёдтар (моҳмоҳӣ) мешавад.

Таснифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Қариб 100 намуди пайвастҷоғҳо, ки ба 11 оила муттаҳид меша­ванд, маълум буда, онҳо дар обҳои тропикӣ ва субтропикии ҳамаи уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд. Ғизои асосии пайвастҷоғҳо ҷонварони бемуҳраи қаъри уқёнусҳо ва баъзан обсабзҳо мебошанд. Бисёр намудҳои пайвастҷоғҳо заҳрноканд, зеро таркиби баъзе узвҳояшон моддаи заҳрнок — тетродотоксин до­ранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]