Пайкараи Абӯалӣ Сино

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пайкараи Абӯалӣ Сино
Муҷассамаҳои А. Сино, А Рӯдакӣ ва А. Фирдавсӣ дар бинои Иттфоқи нависандагони Тоҷикистон, ш. Душанбе

Пайкараи Абӯалӣ Сино - ба яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони асри XI, дар майдони ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе.

Яке аз маҷмааҳои меъморӣ-фарҳангии шаҳри Душанбе[1].

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайкараи Абӯалӣ Сино дар майдони ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар хиёбони И. Сомонӣ ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Рӯ ба рӯи майдон, хиёбони С. Шерозӣ тӯл кашидааст. Муаллифи пайкара ҳайкалтароши Озарбойҷон Умар Ҳасан оғли Елдаров [2] ва меъморони тоҷик Р. Каримов ва А. Агаронов[3] мебошанд.

Намуд[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайкараи Абӯалӣ Сино дар Душанбе аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст ва дар болои таҳкурсии баланд гузошта шудааст. Дар қисми поёни таҳкурсӣ номи лотинии донишманд Avicena навишта шудааст. Дар саҳни майдон фаввора ва 5 ҷилди асари машҳурӣ Сино "Ал-қонун фи-тиб" аз гранити сиёҳ ҷойгир карда шудааст. Аз қафои пайкара ҷойи истироҳати тамошобинон зери дарахтони сояафкан сохта шудааст. Дар гардиши роҳи хёбони И.Сомонӣ гулгашти зебое мавҷуд аст. [4]. Ин гӯшаи шаҳри Душанбе, ҷойи зиёрати навхонадорон, меҳмонон ва сайёҳон гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]