Паланггузар
Мушаххасот | |
---|---|
Дарозӣ |
|
Макон | |
Зулумарт — қаторкӯҳ дар қисми шимолии Помири Шарқӣ.
Аз шимол ба ҷануб ба масофаи беш аз 80 км тӯл кашида, бахшгоҳи ҳавзаҳои рӯдҳои Муғсу, Қарокӯл ва Кӯкуйбелсу (болооби Бартанг) мебошад. Баландиаш ба ҳисоби миёна 5500 м, қуллаҳои баландтаринаш: Октябр — 6780 м, Вера Слуская — 5925 м, Уриский — 5847 м, Дусара — 5775 м. Нишебиҳои ғарбиаш бештар шахдор буда, партгоҳҳо дорад, шарқиаш — нисбатан ҳамвор. Зулумарт асосан аз ҷинсҳои таҳшинӣ (оҳаксанг, варақсанг, кварсит, алевролит, регсанг, конгломерат) ва тафтавӣ (гранит, гранодиорит, диорит) таркиб ёфтааст, ки синнашон ба охирҳои палеозой тааллуқ дорад. Теғаи қаторкӯҳ тези дандонадор, баъзе аз қуллаҳо аз сатҳи теға то 600—700 м баланданд. Дар Зулумарт пиряхҳо бисёранд; дар нишебиҳои шарқӣ пиряхҳои Володарский (13 км²), Октябр (12 км²) ва дар ғарбӣ Зулумарти Шимолӣ (15 км²) воқеъ гаштаанд. Манбаи асосии оби дарёчаҳои Зулумарту Баландкиик, Қараҷилғаю Оқҷилға ҳамин пиряхҳо мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулумарт // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.