Палеолити поён ва миёна дар Осиёи Миёна
Тавсифи умумии давраи палеолит
[вироиш | вироиши манбаъ]Асри санг ба давраи қадими санг - палеолит ҷудо мешавад. Палеолит аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, «палайос»- қадима ва «литос» -санг маънидод мешавад. Палеолит дар навбати худ ба чунин давраҳо тақсим мешавад:
Палеолити поён, миёна, боло
[вироиш | вироиши манбаъ]Палеолити поён, миёна, боло. Аввалин одамони ибтидоӣ дар ҳудуди сарзамини тоҷикон тақрибан дар фосилаи аз 950 ҳазор сол то 1 миллион сол қабл аз милод пайдо шудаанд. Осори одамони ибтидоӣ дар бештар аз 30 нуқтаи ҷануби Тоҷикистон, дар қабатҳои замини қадими буришҳои зарднок ошкор гардиданд. Дар 5 нуқта тадrиrотҳои бостоншиносӣ гузаронида шудааст. Соли 1980 бостоншиноси ленинградӣ Петр Павлов дар ҳайати илмии археологӣ бо сардории В. А. Ранов дар Кулдараи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар қабатҳои 11 ва 12-уми буриши зардноки баландиаш 130 метр ёдгории замони палеолити поёнро дар Осиёи Миёна кашф намуд. Ҳамагӣ 40 адад олоти сангӣ, белчаҳо, асбобҳои теғдор ёфт шудаанд. Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар майдони 66 м. гузаронида шудааст. Соли 1997 миқдори зиёди олотҳои сангӣ дар Бошишгоҳҳои Оби Мазори ноҳияи Ховалинг ёфт шуд. Миқдори умумии бозёфтҳои ин ёдгорӣ 1122 ададро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 70 % -ро олоти пармашуда ва танҳо 30% -ро предметҳои яклухт ташкил медиҳанд. Ба ғайр аз Бошишгоҳҳои номбаршуда инчунин дар 29 нуқтаи дигари Тоҷикистони ҷанубӣ олоти сангии замони палеолити поён ёфта шудаанд. Ба ақидаи мухаққиrон ёдгории аз ҳама калони палеолити поёни Ҷануби Тоҷикистон бо номи Чормағзак тадқиқ шудааст. Қисми асосии бозёфтҳоро теғҳои сангин-корд ва олоти тарошидани пӯст ва чӯб ташкил карданд. Соли 1953 А. Т. Окладников дар рӯди Унарчаи наздикии дарёи Норини Қирғизистон аз девори регии суфаи қадимаи плейстосени миёна қайроқи калони дасти инсонрасидаро, ки як тарафи он теғи дарози каме камоншакли барҷаста аст, пайдо намуд. Чунин олот дар илми бостоншиносӣ бо номи чопӯр -олоти қайроrсанг машҳур аст. Пас аз чанд соли ин бозёфт дар маҳалҳои мухталифи Осиёи Миёна боз даҳ макони он кашф гардид. Аз рӯи кашфиёт гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна тоифаҳое маскун буданд, ки ба давраи маданияти қайроқсанг таалуқ доштанд. Осори Бошишгоҳҳои муваққатии шикорчиёни кӯчманчии палеолити поён дар буриши зардноки Хонаҳо дар 8 км. шимоли шарқии Ховалинг ва қарибии деҳаи Қаромайдони ноҳияи Файзободи водии Ҳисор ёфт шуданд.
Палеолити боло
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зинаи палеолити боло якумин ташкилоти мураккаби ҷамъияти авлодӣ -модарӣ ҳамчун танзимгари муносибати ҳақиқии инсонӣ дар дохили ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шуд. Дар ин давра асбобу олоти сангӣ босурьат такмил меёбад. ҳаҷми онҳо хурдтар гардида, василаи шикор низ беҳтар мегардад. Дар зинаи палеолити боло ташаккули қабилаҳо шурӯъ мешавад, қавми модарӣ ба дараҷаи камолоти худ мерасад. Ба замони палеолити боло пайдоиши нишонаҳои маданияти ибтидоӣ -ҳайкалсозӣ ва тасвирҳои деворӣ хос аст. Вобаста ба ин ақидаҳои динӣ низ ба вуҷуд омадаанд. Ҳамин тариқ замони палеолити боло комилан аз давраҳои пешинаи асри сангӣ фарқ мекунад. Қароргоҳи бисёрқабатаи палеолити боло бо номи Шуғнов дар болооби рӯди Яхсу наздикии деҳаи Шуғнови Дарвоз дар баландии 2000 метр дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ гаштааст. Он яке аз баландтарин зистгоҳи палеолити боло дар дунё ба ҳисоб меравад. Дар ин ёдгорӣ боқимондаи истиқоматгоҳ ошкор нагардидааст, вале якчанд доғҳои оташдон боқӣ мондаанд. Аз ин ёдгорӣ ҳамагӣ 1839 дона бозёфт ба даст омадааст. Шуғнов қароргоҳи муваққатии шикорчиён буд. Тадқиқоти ин ёдгорӣ солҳои 1969-1970 гузаронида шуда, тадқиқоти пурраи геологӣ, минералогӣ ва таҳлили бозёфтҳо бо роҳбарии А. Н. Никонов анҷом дода гузаронида шудааст. Се қабати мансуби замони палеолити боло дар майдони 300 метри мураббаъ дар маркази Самарқанд кашф гардид. Синни қабатҳои мадании онро ба марҳилаи 35-то 13-12 ҳ. қабл аз милод мансуб донистанд. Дар қароргоҳи Самарқанд устухони бисёри асп, хари ваҳшӣ, хуки ёбоӣ ёфт шудааст. Ин ёдгорӣ яке аз бойтарин осори палеолити болои Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, аз 67 ҳазор ашё иборат аст.
Палеолити миёна
[вироиш | вироиши манбаъ]Палеолити миёна. (200-35 ҳазор сол қабл). Дар Осиёи Миёна аз давраи палеолити миёна ёдгориҳои фаровон боқӣ мондаанд. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавҷудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз онҳо инсони имрeза ташаккул ёфтааст. Дар ин давра ба xои асбобҳои оддии дараи ашшелӣ асбобҳои аз ҷиҳати шаклу таъйиноташон гуногун ба миён омаданд. Давраи мустерӣ барои таърихи инсоният муҳим аст, зеро маҳз дар ҳамин давра асосоҳои ташкилоти муҳимтарини иҷтимоӣ, яъне сохти авлодӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин давра инсон на танҳо нигоҳдоштани оташ, балки гирондани онро низ омӯхт. Зоти одами неандертал (ин ном аз сабаби он гузошта шудааст, ки аввалин бозёфтҳо аз соҳили дарёи Неандери наздикии Дюселлдорфи Германия ёфт шудааст) ташаккул ёфт. Аз ёдгориҳои ин давра Xаркeтан ва Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон маъруф ҳастанд. Ёдгории Xаркeтан дар ниҳоди худ 670 адад олоти сангиро маҳфуз доштааст. Дар 31 нуқтаи дашти Қайроққуми соҳили рости руди Сир бештар аз 1000 маснуоти палеолити миёна ҷамъ гардиданд. Бозёфтҳои палеолити миёна дар қабатҳои замини қадими 3-2-1 -и миёна буришҳои зардноки Хонаҳо, Оби Мазор ва Лоҳутии Ховалинг мансуб ба 240-170 ҳазор сол қабл ошкор шудаанд Ёдгории Қаробура дар соҳили чапи дарёи Вахш 32 км ҷанубу ғарби Қурғонтеппа ҷой дорад. Бошишгоҳҳои ғории Оғзикичики ноҳияи Данғараи Хатлон бисёр олоти хуб сохташудаи давраи кордҳои сангӣ, белчаҳоро нигоҳ доштааст. Аз ин ёдгорӣ устухонҳои сангпушт, буз, гӯсфанди ваҳшӣ, асп, оҳу, гург ёфт шудаанд. Сисилаи оташдонҳо вуҷуд доштанд. Кашфиёти оламшумули ғори Тешуктош дарёфти боқимондаҳои устухони бачаи неандерталии нӯҳсола ёдгории барҷастаи замони мустерӣ мебошад. Ёдгориҳои Амонатқeтан дар масофаи 45 км ҷануби Самарқанд ва Бошишгоҳҳои ғори Оби Раҳмат, воқеъ100 км шарқии Тошканд ба давраи палеолити миёна мансуб аст.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тоҷикон. Таърихи қадимтарин ва асри миёна. Китоби 1. - Душанбе, 1973; Китоби 2. - Душанбе, 1985;
- Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1, 2. - Душанбе, 2008. – 870 с.
- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе, 2011 ва 2015.