Jump to content

Асри санг дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Biface silex

Ёдгориҳои Асри санг дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Қадимтарин бошишгоҳи одамон дар деҳаи Лоҳутии Ховалинг пайдо гардид (1979), ки тақр. ба 800000 ё 1 млн соли қабл тахмин карда мешавад. Ин қадимтарин бошишгоҳи одамон аст, ки дар Осиёи Марказӣ кашф шудааст. Осори одами қадимтарин, ки тахминан 250–300 ҳазор сол пеш зиндагӣ карда буд, дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон кашф шуд. Дар Тоҷикистон ёдгорҳои маданияти Мустйе (70–40 ҳазор сол то м.), ки ба Асри санг мансубанд, бисёранд. Аз ҷумла, аз мағораи ба ном Тешиктоши мансуб ба давраи мустейии давраи палеолит бостоншинос А.П. Окладников солҳои 1938-1939 боқимондаҳои устухонҳои писарбачаи неандерталиро пайдо намуд. Инчунин ҳафриёти қароргоҳҳои Қаробӯра, Қаротоғ, Ҷарқутан, Оғзикичик, Қайроққум хеле машҳуранд. Дар Ҷануби Тоҷикистон ва Помир бошишгоҳҳои мезолит ва осори палеолити боло дар Шугнов ошкор гардиданд. Асри санги Тоҷикистон бо Маданияти Ҳисор ба охир мерасад. Таҳқиқоти Тутқавул ва макони Сойи Сайёд нишон доданд, ки аҳолии давраи неолити Тоҷикистон дар ҳолати гузариш аз шикору ҷамъоварии гиёҳ ба чорводорӣ ва кишоварзӣ буд.Дар давраи пайдоиши одамони аввалин дар табиат ва обу ҳавои руйи Замин, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Эрони шарқӣ тағйироти калон руй доданд. Набототи тропикии гули бо рустаниҳои даштии типи саванна иваз гардиданд. Ҳафриёти Қуруқсой дар Балҷувони Тоҷикистон боқимонбаҳои ҳайвонҳои ғароиб, мисли аспи Стенон, карк, маймуни павиан, паланги шамшердандон, зотҳои филҳои қадим, заррофаро ошкор набуд. Замони пайдоиши одам аз назари илми геология давраи «плейстотсен» - аёми ба вуҷудоии миқдори зиёди шаклҳои нави ҳаёт, яхбандиҳо ва байни яхбандиҳо ном дошт. Обу ҳавои Осиёи Марказӣ ва Эрони шарқӣ хушк ва нисбати сард гашта буронҳои пурчанг гарду ғубори биёбонҳои бузургро ба ҷониби доманаҳои кӯҳҳо ва пастхамиҳои байни риштакӯҳҳои баланди Помиру Ҳиндукӯш дар шакли буришҳои ғафси зардхок фурӯ менишониданд. Ин гуна буришҳои азими гафсиашон то 200 метр дар хамгашти кишри замин, байни риштакӯҳҳои Помиру Олой ва Ҳиндукӯш, ки гелогҳо онро депрессияи тоҷику афғон меномиданд, ба вуҷуд омаданд.

  • История таджикского народа. Т.1. - М., 1963;
  • Ранов В.А. Каменный век Таджикистана. В.1./ Палеолит. - Душанбе,1965;
  • Средняя Азия в эпоху камня и бронзы. - М.–Л.,1966.[1]
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23