Пандномаи Зардушт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Пандномаи Зардушт» (форсӣ: پندنامه زرتشت‎; но­ми дигараш ба забони паҳлави «Чидок андарзи паред кешон» — «Чидаҳои андарзҳои доноёни пешгузаштаи дин») —, яке аз ёдгориҳои адабиёти паҳлавӣ, пандномаест аз таълифоти Зардушт — писари Озарбади Маҳраспандон. Тақрибан дар асрҳои 4—5 иншо шудааст.

«Пандномаи Зардушт» чунон ки аз ҷумлаҳои аввалинаш бармеояд дастуре буд оид ба асосҳои зардуштия ва шарҳу баёни матолиби динӣ ба тарзе ки доноёни пешин (бузургони пешгузаштаи дини зардӯштӣ) истиқрор карда буданд. Хусусияти дигари «Пандномаи Зардушт» ин аст, ки дар китоб ҳаъйатҳои «бишнавед…», «гӯш фаро доред…» ва ғайра истифода шудаанд, ки суханони муаллифро пуртаъсир мекунанд. Қисмати охири «Пандномаи Зардушт» манзумаест ба забони паҳлавӣ (форсии миёна):

Дорам андарзе аз доноён,
Аз гуфтаи пешиниён.
Ба шумо бигузорам
Ба ростӣ андар ҷаҳон.
Ба гетӣ густох мебошед,
Бас орзу андар ҷаҳон.
Чӣ гетӣ ба нас набинҳиштаанд,
На кӯшку на хонумон…

«Пандномаи Зардушт» ба ғайр аз матолиби динӣ, андарзу ҳикматҳои амалии барои ҳар як фарди ҷомеаи онрӯза зарурро дарбар гирифтааст. Дар асар инчунин қиссаву ривоятҳои асотирӣ, қиссаҳои паҳлавонону шоҳони Эрони қадим маҳфуз мондаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]