Зардушт
Таърихи таваллуд | c. 1800 то милод - 1200 то милод |
---|---|
Зодгоҳ | Арйана Вайҷа (Эрони бузург; Бохтар; Роғ) |
Таърихи даргузашт | на дертар аз 1200 то милод (77 сола) |
Маҳалли даргузашт | Арйана Вайҷа (Эрони бузург) |
Пеша | паёмбар, бунёнгузори дин, шоир, нависанда, thaumaturge |
Падар | Пурушасп |
Модар | Дуғуду |
Ҳамсар | Ҳвувӣ |
Фарзанд | Порвчиста[d] ва Исат Вастар[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бахше аз силсилаи мабоҳис дар бораи |
Маздаясно |
---|
Оташ, намоде аз Маздаясно |
Мабоҳиси аввалия |
• Аҳура Маздо • Зартушт • Аша • Эрон |
Фариштагон ва шаётин |
Амшоспандон • Эзад • Аҳуроҳо • Дев • Аҳриман |
Китоб ва ибодат |
Авесто • Готҳо • Ясна • Вандидод • Виспарад • Яшт • Хурдаавесто • Обзур • Ниёиши Аҳуни вирё • Оташкада |
Ривоятҳо ва афсонаҳо |
Динкард • Бундаҳишн • Ардовирофнома • Ҷомосбнома • Қиссаи Санҷон |
Таърих ва фарҳанг |
Оини зурвонӣ • Гоҳшумории авестоии нав • Ҷашнҳои зартуштӣ • Издивоҷ • Фаршгард |
Пайравон |
Маздаясно дар Ҳиндустон • Эрониёни зартуштӣ • Порсён • Эрониён • • • Озори зартуштиён |
Зардушт (Зартушт, аз авестоӣ Zaraθuštra, форсӣ زرتشت Zartošt, русӣ Заратустра, курдӣ Zerdeşt; Зороастр аз юнонӣ Ζωροάστρης) — раҳбар ва ислоҳгари динӣ, файласуф ва шоири эронӣ, бунёнгузори ойини Маздаясно. Ӯ ба пайравонаш омӯхт, ки ҳастии майдони набард нерӯҳои хайру шарр аст ва инсон озод аст ҷойгоҳи худ дар ин муборизаро интихоб кунад. Омӯзаҳои ӯ, ҳастаи аслии Маздаясноро ташкил медиҳад.
Хостгоҳи Зартушт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи пайдоиши Зардушт назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Ҳамчунин ҳастанд касоне, ки ӯро дигарҷоӣ меноманд, гирем, Берунӣ вайро аз Озарбойҷон медонад, баъзе олимон Зардуштро курд, яҳудӣ ё аз қабилаи скифҳо медонанд, ки динашро скифҳо қабул накарданд ва ба Эронвиҷ (Бохтар) омад ва Гуштосп ба дини вай эътиқод кард. Ҳамчунин вай зодаи оилаи Спитама ном бурда мешавад, ки ин хонавода дар қадим бо кавиҳои Суғд душманӣ доштанд.[1] Дар бораи он ки паёмбари тоисломии форсҳо — Зардушт зодаву фаъолияти паёмбарии худро дар Роғи Балх оғоз кардааст, баъзе олимони бостоншинос дар мақолаҳои илмии хеш навиштаанд. Маълум, ки авҷи фаъолияти Зардушт асосан дар Балх (пойтахти Бохтар) будааст, дар Хоразм ҳам мегӯянд, аммо ба Зардушт фаришта Баҳман аввалин паёмро аз Аҳуро Маздо (номи Худои оини зардуштӣ) дар соҳили рӯди Доитиё овардааст. Ин вақте буд, ки Зардушт барои таҳорат аз мобайни ин рӯд об мегирифт. Дар Авесто номи Суғд пас аз Эронвиҷ (Бохтар) омадааст, ки пойтахти он Самарқанд буд.
Пеш аз зардуштия ойини меҳрпарастӣ буд ва Ардвисура Анаҳиторо (модархудо) мепарастиданд ба ин сабаб гуфтан душвор аст, ки он чи хел ибодатхона буд.
«Пас Зардушт Дин овард ва аз фармони Гуштоспшоҳ ҳазору дусад фаргард (бахш) ба дин дабири (хати авестоӣ) ба тахтаҳои заррин канду навишт ва ба ганҷи он оташкада ниҳод».— Авесто - Душанбе,2001.
Пойтахти Гуштосп дар Балх буд ва Зардушт дини худро дар он ҷо эълон кард. Ин ривоят мувофиқат мекунад бо он ривояте, ки Зардушт рисолати пайғамбариро дар назди рӯди Доитиё (Вахш; Омӯдарё) гирифтааст. Дар Авесто пас аз кишвари афсонавии Ориёном-ваэҷа ё Эронвиҷ (Бохтар; Балх) кишвари воқеӣ номбар мешавад ва он сарзамин Суғд ном дорад. Дар пайдоиш ва густариши оини зардушти Балх ҷойгоҳи якумро дорад. Лек, эҳтимол, аввалин сарзамине, ки ориёиҳо баъди кӯч бастани оммавӣ муқимӣ гардиданд, Суғд буд ва сипас аз он ҷо қисми онҳо ба Эрон ва Ҳиндустон рафтанд. Дар банди чоруми фаргарди якуми «Вандидод»-и Авесто омадааст:
«Дуввумин сарзамину кишвари неке, ки ман Аҳура Маздо офаридам, чулгаи (чулгаи-саррзамини сарсабзу сероб) Сугуда буд»— Авесто - Душанбе,2001.- C 252
Дар Авесто Марв дар ҷои саввум, Бахдӣ чорум, Нисо панҷум, Ҳирот шашум аст. Баъзе олимон дар ин ақидаанд, ки Эронвиҷ Хоразм аст, аммо дар кардаи 14 (боби 14)-и Авесто Хоразмро Хоразм гуфтааст, на Эронвиҷ.[2]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардушт // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 116-120. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Stanford Zoroaster. stanford.edu. 1 Декабри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2019.
- ↑ Авесто — Душанбе,2001.- C 252
- Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004