Паноҳгоҳи дипломатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Паноҳгоҳи дипломатӣ - дар манзили намояндаи дипломатӣ ва консулии давлати хориҷӣ ё киштии ҳарбии хориҷӣ додани имкониятҳо ба ин ё он шахс дар бахши пинҳон шудан аз таъқибҳои вобаста ба ангезаҳои сиёсӣ. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ манзили намояндаи дипломатию консулӣ ва киштиҳои ҳарбии хориҷӣ дахлнопазир ҳастанд. Конвенсияи Вена «Дар бораи муносибатҳои дипломатӣ» истифода намудани манзили намояндаи дипломатиро бо мақсадҳое, ки бо фаъолияти расмӣ мухолиф аст, манъ кардааст. Аз ин нигоҳ имрӯз паноҳгоҳи дипломатӣ танҳо дар амалияи кишварҳои Америкаи Лотинӣ истифода мешавад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 372