Пантелеймон Голосов
Пантелеймон Голосов | |
---|---|
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат | |
Таърихи таваллуд | 13 (25) июл 1882 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 июн 1945[1] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Таҳсил: |
Пантелеймо́н Алекса́ндрович Го́лосов (13 [25] июл 1882, Маскав[1] — 8 июн 1945[1], Маскав[1]) — меъмори шӯравӣ ва рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Омӯзишгоҳи саноати бадеии Строганов (1898—1906) ва Омӯзишгоҳи санъат, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Маскав (ОСҲММ, 1906-11) таҳсил кардааст. Узви Иттиҳодияи меъморони муосир (ОСА, 1925-32). Дар таҳияи нақшаи «Маскави нав» (1918-23) ва тарҳрезии Намоишгоҳи умумируссиягии хоҷагии қишлоқ ва истеҳсолоти дастиву саноатӣ (1923) иштирок кардааст. Аввалин сохтмонҳои ӯ бо сабки таърихӣ-романтикӣ ва унсурҳои модерн сохта шудаанд. (Маркази тиҷоратӣ дар тангкӯчаи Улан, 1913-14, Маскав). Осори баъдинаи ӯ ба сабки конструктивизм тааллуқ дорад (Комбинати рӯзномаи «Правда» 1929-35). Нақшаҳои нави камхарҷу маъқули хонаҳои иқоматӣ (хонаҳои иқоматӣ дар Иваново, 1924-25) ва иморатҳои деҳот (с-зи «Зерноград», 1929-30, вилояти Ростов), инчунин боғшаҳрҳо (лоиҳаи шаҳраки Грознефт, 1920)-ро таҳия намудааст. Дар иморатҳои солҳои охир сохтаи ӯ сабки неокласситсизм афзалият дошт (хонаҳои иқоматӣ дар Дорогомиловскийи соҳилӣ, 1941-50, Маскав ва ғ.). Ҳамзамон солҳои 1919-45 омӯзгорӣ низ кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Голосов Пантелеймон Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Голосовҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.