Парасторӣ (ҳуқуқ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Парасторӣ — тибқи қ. 3 м. 147 Кодекси оила ва қ. 1 м. 34 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон парасторӣ барои ноболиғони аз 14 то 18-сола муқаррар карда мешавад. Мутобиқи м. 27 КГ ҶТ ноболиғони аз 14 то 18-сола аҳдҳои қонун пешбининамударо мустақилона анҷом медиҳанд. Парасторон бошанд, дар амалӣ гаштани ҳуқуқҳои номбурда ба ин ноболиғон мусоидат менамоянд. Ғайр аз ин, парасторон ба ноболиғони аз 14 то 18-сола барои аҳдҳое розигӣ медиҳанд, ки ноболиғони таҳти васоят қарордошта барои мустақилона анҷом додани онҳо ҳуқуқ надоранд. Инчунин онҳо ноболиғонро аз сӯиистифодаи шахсони дигар ҳифз менамоянд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 372—373