Парвиз Туробӣ
Парвиз Туробӣ | |
Таърихи таваллуд | 1963 |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз (композитор) |
Парвиз Туробӣ - оҳангсоз (композитор), узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1988)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Парвиз Туробӣ соли 1963 таваллуд шуда, соли 1981 мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ, соли 1986 Институти мусиқӣ-педагогии Гнесинҳо (ҳоло Академияи мусиқии Гнесинҳо)-ро дар синфи профессор А.Ларин хатм намудааст. Аз соли 1988 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аст. Асарҳои симфонӣ ва камеравии Туробӣ П. дар Россия, Қирғизистон, Германия, ИМА иҷро карда шудаанд. Достони симфонии «Гаҳвораи Сино»-ро оркестри давлатии симфонии Москва иҷро карда, соли 1989 дар радиои умумииттифоқӣ сабт кард. Дар хазинаи композитор Соната барои фортепиано, Соната барои скрипка ва фортепиано, Соната барои алт ва фортепиано, Соната барои виолончел ва фортепиано. Парвиз Туробӣ муаллифи пйесаҳо, романсҳо ва сурудҳо мебошад. Композитор ҳоло дар авҷи камолот аст. Ӯ ҷустуҷӯ мекунад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои симфонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1986 – «Гаҳвораи Сино», достони симфонӣ.
- 1991 – Рапсодияи консертӣ барои фортепиано бо оркестр.
- 1993 – «Ҷомӣ», увертюра барои оркестри симфонӣ.
- 2008 – Симфонияи №1.
Асарҳои камеравӣ-созӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1988 – Квартети №1.
- 1989 – Квартети №2.1990 – Достон барои оркестри камеравӣ.
- 1992 – «Лалайик», барои оркестри торӣ, ба хотираи Н.Бандишоева.
- 1995 – Достон барои ровӣ, фортепиано ва оркестри камеравӣ. Соната барои фортепиано
Мусиқӣ ба филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Навсозӣ», мусиқӣ ба филми бадеӣ, «Тоҷикфилм».
- «Дарё дар рушноии моҳтоб», мусиқӣ ба мултфилм «Тоҷикфилм».[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 240-243